ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?

ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?

24 апрел 2023, Душанбе
51
0

 
Деҳқонон дар як қисми заминҳое, ки   солҳои пеш пахта кишт  мекарданд,  имсол, аллакай,  гандум коридаанд. Дар заминҳои боқимонда бошад, тарбузи зери плёнка, карам ва дигар намуди сабзавотро кишт карда истодаанд. Сабаби ин ба ҳамагон маълум аст. Порсол, воқеан ҳам, беинсофона паст намудани нархи пахта аз тарафи заводҳои коркарди маҳсули заҳмати деҳқон боиси то ин ҳад дилмондагии кишоварзон гардид. 
Бо айби корчалонҳои заводҳо деҳқонон пахтаи истеҳсолнамудаашонро бо сабаби паст будани нархи он дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Бо умеди он ки арзиши ин зироати стратегӣ баланд шавад, пас онро месупоранд. Баъзе заводдорони мо, ки аз имону инсоф хеле дур мондаанд, аз  ҳар як протсеси саноатияш даромадҳои калони иловагӣ ба даст меоранд ва аз рӯи адолат мебуд, ки барои пахтакорон маблағи иловагӣ ҷудо намуда, ҳавасмандии деҳқонро ба ин зироат зиёдтар созанд.       
Бале, пахта зироати стратегии давлат буда он, аваллан, ҷойи кори мардуми деҳот, дуюм, маҳсулоти ғизоӣ барои аҳолӣ ва ҳайвонот мебошад. Мо маҳсулоти ғизоиро чун равғани рустанӣ аз хориҷа бо нархи гарон мехарем.  Аз ин лиҳоз, зиёд намудани   кишти пахта аз ҳар ҷиҳат мувофиқи мақсад аст. Даврони шуравӣ  Тоҷикистони офтобрӯя истеҳсоли онро, бесабаб набуд, ки то ба як миллион тонна расонд. Азбаски иқлими Тоҷикистон басо гарм асту чунин боду ҳаво барои рӯёнидани беҳтарин  навъи пахтаи маҳиннах мусоидат мекунад, талабот ба он дар давлатҳои  муштаракулманофеъ ва  хориҷи  дур   хеле калон аст . Имрӯз даҳҳо корхонаҳои бофандагӣ  чи  дар Россия ва Беларус ниёз ба пахтаи тоҷик доранд.  Таҳлил ва мушоҳидаи  ҳамин проблемаҳо моро водор  менамоянд, ки  дар бораи пайваста зиёд намудани майдонҳои кишти зироати стратегии давлат аз захираҳои мавҷуда истифода барем,  хушбахтона,  дар Тоҷикистон ин гуна захираҳо ҳам дар вилояти Суғд ва ҳам дар вилояти Хатлон  хеле зиёданд.  

Ғайбулло  ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив