ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ КОҲИШ ЁФТ

ХАТЛОН. ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ КОҲИШ ЁФТ

25 апрел 2023, Сешанбе
17
0

Дар вилояти Хатлон қарздории ташкилоту идораҳо аз музди меҳнат то 1 апрели соли ҷорӣ ба таври чашмрас кам шудааст.

Ҳамза Бобозода, сардори раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон, масъалаи назорати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва бартарафсозии қарздорӣ аз музди меҳнат самтҳои боафзалияти фаъолияти кормандони раёсат маҳсуб меёбанд. 
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 марти соли 2023 қарздорӣ аз музди меҳнат дар вилоят 729,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ кам гардидааст. Қарзи мавҷуда то санаи зикргардида ба соҳаи саноат, мушаххасан ба Ширкати “Талко Кемикал”-и ноҳияи Ёвон мансуб буд. Аммо чуноне ки аз маълумотҳои фаврӣ бармеояд, ба ҳолати 31 марти соли 2023 Ширкати мазкур аз ҳаҷми умумии қарзи музди меҳнат 300 ҳазор сомонияшро пардохт кард. 
Гуфтанист, ки қарздорӣ аз музди меҳнат дар ҳудуди вилоят ба ҳолати 1 марти соли 2022-юм 2,8 миллион сомониро ташкил медод. Теъдоди ташкилоту корхонаҳои қарздор ба 11 адад расида буд. Қарздории бештари музди меҳнат ба ширкатҳои “Талко Кемикал” (3 миллиону 494 ҳазору 495 сомонӣ), “Тоҷик Азот” (1 миллиону 878 ҳазору 272 сомонӣ), “Тоҷикхимпром”-и ноҳияи Ёвон (156 ҳазору 636 сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Фархор (134 ҳазору 200 сомонӣ), идораи обтаъминкунии ноҳияи Фархор (146 ҳазор сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб (20 ҳазор сомонӣ), шуъбаи манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус (45 ҳазор сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён (82 ҳазору 569 сомонӣ) ва филиалҳои Тоҷиктелеком дар навоҳии Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Восеъ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ тааллуқ дошт. 
Аз тарафи раёсат барои сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон дар соли 2022 нисбат ба 10 нафар роҳбар ва масъулони корхонаю ташкилотҳо тибқи талаботи моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, ба маблағи 13 ҳазору 424 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив