ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕШ АЗ 20 МИЛЛИОН СОМОНӢ. ҲАҶМИ ХИСОРОТИ ОФАТҲОИ ТАБИАТ ДАР СЕ МОҲ

БЕШ АЗ 20 МИЛЛИОН СОМОНӢ. ҲАҶМИ ХИСОРОТИ ОФАТҲОИ ТАБИАТ ДАР СЕ МОҲ

25 апрел 2023, Сешанбе
27
0

 
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд, ки дар се моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 411 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 335 ҳодисаи тармафароӣ, 19 сангрезӣ, 18 заминҷунбӣ,  16 ярчфароӣ, 13 сел, 6 шамоли барфтӯда, 2 боришоти зиёди бошиддат, 1 ҳолати баландшавии сатҳи об ва 1 ҳодисаи хунукии шадид.
Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумита, аз 411 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода дар 19 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расид, ки маблағи хисороти муайяншуда  20 миллиону 334 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар 3 ҳолат 24 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид.
Бар асари офатҳои табиӣ – боришоти барфи зиёд, фаромадани тарма, боришоти боронҳои зиёд, омадани сел ва заминҷунбӣ дар се моҳ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ расид. Аз ҷумла, 441 хона (20 хона пурра, 72 қисман ва 349 хона сабук) зарар диданд.
Дар ин давра, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаҳои табиат ба манзили истиқоматӣ ва хоҷагии халқ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти маданиву маишӣ ва соҳилбандӣ, роҳҳои нақлиётӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар  иншоот хисорот овард. Маблағи умумии зарар 15 миллиону 818 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. 
Офатҳои табиӣ дар семоҳаи якум ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ, хисороти калони моддӣ расондааст. Ҳамзамон, 40 хоҷагӣ барои кӯчондан аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойи амн пешниҳод шуд. Ҳаҷми умумии зарар дар вилоят 4 миллиону 188 ҳазору 900 сомониро ташкил дод. 
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 23 март ба 18 манзили истиқоматӣ зарари сабук расид, ки маблағи он 45,9 ҳазор сомониро ташкил намуд. 
Бар асари боришоти борон, омадани сел ва заминларза ба иқтисодиёти ноҳияи Рашт низ, хисороти калони моддӣ расид, ки дар натиҷа 32  манзили истиқоматӣ ба маблағи 33,9 ҳазор сомонӣ зарар дид. 
Дар асоси фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 18 марти соли 2023, №31/1-5 дар ҳаҷми 40 тонна бор, аз ҷумла ба оилаҳои пурра ва қисман зарардидаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ дастрас гашт. 
Бо мақсади омодагӣ барои таъмини саривақтии ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз офатҳои табиӣ– боришоти жола 7 дастаи зидди жола, 5 стансияи радиолокатсионӣ, 28 нуқтаи мушакпарронӣ ва дигар техникаҳои зарурии фурунишонии жола дар ҳолати  омодагии доимӣ  қарор доранд. Ҳамзамон, дастаҳои зидди жола барои пешгирии офатҳои табиӣ – боришоти жола бо 344 мушак таъмин шудаанд.
– Кумита минбаъд низ, қувва ва неруи худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, фаъолияти бонизомро баҳри эътино, пешгирӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ба роҳ монда, амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро таъмин менамояд, – гуфт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив