ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ. СОҲА ВОҚЕАН, БА НИҲОДИ АЛОҲИДА НИЁЗ ДОРАД

ВАРЗИШ. СОҲА ВОҚЕАН, БА НИҲОДИ АЛОҲИДА НИЁЗ ДОРАД

01 феврал 2023, Чоршанбе
97
0

(Дар ҳошияи мақолаи Маҳмуд Мирзоён: Варзиш. Соҳа ба ниҳоди алоҳида ниёз дорад, “Ҷумҳурият”, 24 январи соли 2023. № 22)
Матлаби рӯзноманигор Маҳмуд Мирзоёнро аз Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” мутолиа намудам, ки бо касбияти баланд рӯи чоп омадааст. Банда ҳамчун собиқадори соҳаи варзиш бо итминони комил иброз медорам, ки пешниҳоди муаллиф доир ба сохтори алоҳида ҷудо намудани соҳаи варзиш қобили таваҷҷуҳ ва дастгирист, зеро дар сурати ҷудогона фаъолият намудани ниҳод соҳа рушди бесобиқа касб мекунад, ки ба нафъи варзиши тоҷик мебошад.

“Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад”. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоташон бо варзишгарони мамлакат, ки ман низ дар он вохӯрӣ ширкат доштам, иброз намуда буданд.  Воқеан ҳам, ҳамин тавр аст. Варзишгаронанд, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон ба хотири пирӯзиҳои онҳо Парчами давлатӣ парафшон гашта, Суруди миллӣ садо медиҳад. Яъне, ба воситаи варзишгарон давлат дар ҷаҳон бештар муаррифӣ мегардад. 
Аз ин дидгоҳ, зарур аст, ки ба соҳа таваҷҷуҳ бештар гардад. Танҳо дар сурати дастгирӣ ёфтани варзишгарону мураббиён мо метавонем дар арсаи байналмилалӣ натиҷаҳои баландро соҳиб гардем. Бубинед, тайи чанд сол мешавад, ки варзишгарони мо наметавонанд аз чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал гиранд. Гузашта аз ин, дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 низ, нишон гирифта натавонистанд. Ин дар ҳолест, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо мо бе медал мондем.  
Таҳлилҳо нишон доданд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи ҷавонон авлавият медиҳанд ва варзиш аз мадди назар то андозае дур мемонад. Инчунин, кадрҳое, ки дар Кумита ва сохторҳои он дар маҳалҳо фаъолият менамоянд, аксарашон мутахассисони соҳаи варзиш нестанд. Дар сохтори Кумита танҳо Парвиз Собиров, гӯштигирӣ маъруф, фаъолият мекунаду халос. Бояд дар соҳаи варзиш мутахассисон, варзишгарон ва мураббиён кор кунанд, тавре мегӯянд: “Қадри зарро заргар медонад”.
Дар Тоҷикистон варзишгарони болаёқат зиёданд, танҳо лозим аст, ки онҳоро гулчин намуда, дастгирӣ ва тарбия кард. Лиҳозо, мо ба сохтори алоҳидаи соҳавӣ ниёз дорем. Дар мақола дуруст зикр шудааст: “Агар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз уҳдаи кор барояд, мушкилӣ нест. Лекин муносибати Кумита нисбат ба варзиш ҳамин гуна давом кунад, беҳтараш варзиш аз ин сохтор ҷудо шавад”. 
Ҳатто, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ се бор соҳаи варзишро бо соҳаи ҷавонон як сохтор намуданд, аммо натиҷа надод ва соҳаи варзишро ҷудо карданд. 
Дар ҳамин замина мехоҳам иброз намоям, ки бояд дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис ёбад ва клубҳои варзишии донишҷӯён аз нав эҳё гарданд. Инчунин, миёни мактаббачаҳо, бояд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор шаванд. 
Хуллас, ба андешаҳои мутахассисоне, ки дар мақолаи “Варзиш. Соҳа ба ниҳоди алоҳида ниёз дорад” изҳори назар кардаанд, куллан ҳамфикрам. Аз ин хотир, бори дигар пешниҳоди муаллифро дастгирӣ намуда, иброз медорам, ки агар хоҳем соҳаи варзиш рушд намояд, пас тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бояд ҳамчун сохтори ҷудогона рӯи кор ояд. 

Алимаҳмад МИРЗОЕВ, 
раиси Шурои собиқадорони варзиши Тоҷикистон

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив