ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25 апрел 2023, Сешанбе
12
0


ТАСС. Муовини Дабири кулли СҲШ Григорий Логвинов гуфтааст, ки Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳамкорӣ бо ҳама иттиҳодияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла НАТО, боз аст.  

Мир 24. Намояндагони Қазоқистон ва Ҷумҳурии Чех зимни форуми корчаллонҳо дар Остона созишномаҳоро ба маблағи умумии 230 миллион евро ба имзо расонданд. Дар форум сарварони ҳукуматҳои ду кишвар Алихон Смаилов ва Петр Фиала, инчунин, намояндагони бахши давлатӣ, ширкатҳои миллӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доштанд.

ТАСС. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен  ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов зимни дидор дар Вашингтон ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодиро баррасӣ карданд.  

Мир24. Суд раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимовро гунаҳкор дониста, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.   Масимовро дар тафтишот ба хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ забт намудани ҳокимият ва суиистифода аз мақом ва ваколатҳои мансабӣ айбдор мекунад.

Gazeta.ru. Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто гуфт, ки дар Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Маҷористон ягона кишварест, ки ба интиқоли навбатии силоҳ ба Киев мухолиф аст, зеро он низоъ дар Украинаро тамдид мекунад.

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив