ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВЗУИ РӮЗ.  САРБОЗОНИ БАДРАФТОР БОЗДОШТ ШУДАНД

МАВЗУИ РӮЗ.  САРБОЗОНИ БАДРАФТОР БОЗДОШТ ШУДАНД

26 апрел 2023, Чоршанбе
28
0


Тавре дар шумораи гузаштаи рӯзнома бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дода будем, вобаста ба навори озори сарбозон дар қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд бо дастрасии моддаи 137 қисми 2 бандҳои «б, в» Кодекси ҷиноятӣ (авбошӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ…) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарони лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ дастгир шуданд.

Ҳоло тафтишоти пешакӣ нисбат ба ин ҳодиса идома дошта, боздоштшудаҳо дар шахси сержанти қисми ҳарбии зикршуда Ҷонибек Қосимзода, сарбозони қаторӣ Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Муҳаммадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, ки гумон меравад дар озори ҷисмонии сарбозон даст доранд, ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар ҳамин робита, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти тозаи худ аз 25 апрел хабар дод, ки дар пайванд ба ин ҳодисаи нангин нисбат ба сардори комендатураи якуми сарҳадии «Ворух»-и қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ подполковник Нузхат Лазуриев бо моддаи 391 қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият, ки боиси оқибатҳои вазнин гашта бошад) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда низ, ба ҳабс гирифта шудааст, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ менамояд. 
Бахтиёр Шарифзода, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, вобаста ба ин ҳолат дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки тафтишоти қазия зери назари Прокурори генералӣ қарор дошта, гунаҳкорон ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид.
Албатта, мо мавҷудияти чунин камбудиҳо дар қисмҳои низомиро инкор карда наметавонем, вале вазъият на ба он гунаест, ки расонаҳои алоҳида ва бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро бозтоб медиҳанду атрофаш шӯру валвала барпо мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон дар мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона идома дошта, тибқи мушоҳидаҳо баҳси камбудиҳои мавҷуда ва моҷароҳои бархоста дар ҷузъу томҳои артиш маҳс дар ду мавсими даъват рӯ мезананд. Худи далели он ки ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, тахмин меравад ҳодисаи лату кӯб 15 декабри соли 2022 рух додаву сабт шуда, вале акнун пахш гардид, то ҷое суолбарангез аст. Вагарна чунин бадрафторӣ метавонист, хеле зудтар ошкору гунаҳкорон ба ҷавогарӣ кашида шаванд.
Дар баробари бархурди оммавӣ ба ин ҳодиса, набояд аз пешрафтҳои назаррас дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, шароити хуби будубоши сарбозону афсарон, таҳкими риояи интизом ва оинномаҳои ҳарбӣ чашм пӯшид. Бояд мисли сарбозе, ки тоза аз хизмати ҳарбӣ мураххас шудаву худро Мирзоҷони Фархорӣ муаррифӣ менамояд, аз ҳақиқат ва шароитҳои воқеии қисмҳои низомӣ ва, умуман, ҳолу ҳавои артиш низ, гуфт. Номбурда, ки зарфи 1 сол дар қисми ҳарбии 06870-и бригадаи 7 ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал адои хизмат намудааст, дар робита ба ин қазия менависад, ки набояд чунин пиндошт, ки вазъият дар қисмҳои ҳарбӣ ба ин андоза ташвишовар аст. Мирзоҷон дар хитоб ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: «Қасам ба Худо бархе сарбозон шароите, ки дар фазои низомӣ доранд, дар хонаашон надоранд. Сатҳу сифати хӯрок, либос ҳама дар сатҳи олӣ аст. Ғамхорие, ки роҳбарият барои мо мекарданд, шояд дар берун ин гуна ғамхориҳоро наздиконамон намекарданд. Ин ҳақиқатест, ки ман дар 1 соли хидмати ҳарбӣ шоҳид будам. Ҳодисаи бадрафторӣ, кори хуб нест, аммо набояд ин навор сабаби шикасти руҳияи ҷавонон ва саркашӣ аз хизмат ба Модар – Ватан гардад. То вақте дил дар қафаси сина метапад ва хунамон дар гардиш аст, мо сарбози ин Ватан ҳастем ва дар лаҳзаҳои душвор бояд сипари ин сарзамини биҳиштосо бошем!».
Чуноне маълум аст, навори озори сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, боиси нафрати умум гардид. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ ин ҳодисаи нангинро қобили маҳкум дониста, ҷараёни тафтишотро пайгирӣ ва хонандагони худро дар ҷараёни он хоҳад гузошт. Зеро ин қазия метавонад ба руҳияи сарбозону даъватшавандагон таъсири манфӣ гузошта, ҳамзамон, аз сӯи гурӯҳҳои алоҳидаи олудаи ғаразҳои шахсӣ мавриди истифода қарор гирад.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив