ПАДАР

26 апрел 2023, Чоршанбе
64
0

 
Ба ёди Бобоҷон Абдулвоҳидов,  собиқ сармуҳаррири рӯзномаи  "Садои мардум"
Аз чи оғоз кунам, намедонам. Бале, вақте ёд аз падар мекунам, вуҷудам меларзад, тамоми хотираҳоям тагурӯ мешаванд. Мисле, ки хотираҳо миёни ҳам сабқат мекарда бошанд: гоҳо ҳодисае аз замони кӯдакӣ ба ёдам меояд, аммо ҳанӯз он «навор» ба охир  нарасида, ёде аз дигар лаҳзаи бо падар будан пеши назарам ҷилвагар мешавад. Ҳамин гуна, дар як лаҳза тамоми давраи бо падар сипарикардаам  аз пеши чашм чун навор мегузарад.
15 сол аст, ки ӯ бо мо нест. Бале, 15 соли бепадариро намедонам ба чанд сол баробар кардан мумкин бошад. Вақти рафтан ҳамагӣ 55 сол дошт. Агар умр вафо мекард, имсол  70-сола мешуд, аммо ҳамаро монду рафт. Чун зиндагиро дӯст медошт, шояд умеде ба шифо ёфтан дошт, ки ҳатто васияте ҳам накард. Эҳсос мекардам, ки аз дарди ҷонкоҳ ҷисму ҷонаш месӯхт. Месӯхту боре ҳам оҳу воҳ накард. Бо сабру таҳаммули ҳамешагӣ дар як рӯзи сарди зимистон рахти сафар баст...
Падарҷон, ёд дорӣ вақте маро ба мактаб монда будӣ? Баъд аз як рӯзи таҳсил аз ман суол кардӣ: «Хайр, духтарам, мактаб чӣ хел будааст?»  Гуфтам, ин мактабаш 11 сол будааст-ку! Аз ин ҷавоби ман хеле хандидӣ. 
Дар синфи 10 мехондам, ки рӯзе гуфтӣ як барномаи таълимии нав аст, бо номи «Экстерн» (яксола барномаи таълимиро дар муддати 3 моҳ аз бар кардан). Гуфтӣ аз моҳи марти соли хониши синфи даҳ ба мактаби дигар мегузариву он ҷо бо дигар барнома мехонӣ. Ростӣ, ин пешниҳод писандам наомад. Гуфтам, хоҳиш дорам, ки синфи 11-ро пурра хонам. Дар посух  гуфтӣ «барномаи синфи 11 такрори дарсҳои гузашта аст». Баъдан, тамоми барномаи синфи 11-ро дар се моҳ хонда, тамом кардам. Замоне ки ҳамсинфонам синфи 11 мехонданд, ман, аллакай, донишҷӯи соли аввал будам. Шояд наздик будани маргатро медонистӣ, ки солҳои охир бештар шитоб мекардӣ? 
Ҳамеша мегуфтӣ, ки «як орзу дорам ва он ҳам туро зери чодари арӯсӣ дидан. Агар чунин шавад, дигар ормон надорам». Аз куҷо донам, ки он бемории қаттол ҳамаи ҷисму ҷонатро аз дард месӯзонд. Шояд аз наздик будани маргат хабар доштӣ?
Ҳамеша гӯшзад мекардӣ, ки ҳама нӯшу неъмат аз нӯги қалам аст. Ба ҳалолхӯриву покизагӣ ва ростқавлӣ раҳнамоиамон менамудӣ. Мегуфтӣ, ки аз пушти тиллову танга ва моли дунё ҳеҷ гоҳ надавед. Кор кунед. Ҳамеша мегуфтӣ, ки номи баланд, беҳ аз боми баланд аст. 
Аз ҳама сухани сахтат «бесавод» буд.  Агар яке аз фарзандон дар хондан бепарвоӣ мекард, «бесавод» мегуфтӣ. Ҳамеша мегуфтӣ, ки мо солҳои пеш дар равшании шамъ мехондем. Имрӯз шумо ҳамаи шароитро доред, лекин бепарвоед.  Ёд дорам, аксар вақт нимаи шаб аз хоб бедорам мекардиву мегуфтӣ: 
– Шеъри муаллима барои аз ёд кардан супоридаро қироат кун. 
Ман низ хоболуд онро қироат менамудам. Дар таътил ҳамеша ба мо – фарзандон, китобҳои бадеӣ медодӣ ва таъкид мекардӣ, ки хонем. Баъдан, мазмуни онҳоро пурсон мешудӣ. Агар касе  намедонист, аз мукофот маҳрум мешуд...
Нафарони зиёде ба хонаи мо барои ёрӣ пурсидан меомаданд. Ҳеҷ гоҳ касеро ноумед намекардӣ.  Фарзандони дӯстону ҳамсабақонат давраи донишҷӯияшонро дар хонаамон сипарӣ мекарданд. Баъзеашон панҷ соли пурра, баъзеи дигар ду-се сол меистоданд. Ҳамаи онҳоро мисли фарзандони худ дӯст медоштиву раҳнамоӣ мекардӣ. Мегуфтӣ, ки давраи донишҷӯӣ давраи «тиллоӣ» ба шумор меравад. Онро дар ғафлат нагузаронед, чун он зудгузаранда ва бебозгашт аст. 
Бо вуҷуди бемориат, баъд аз кор дар хона низ, саҳифаҳоро ба хона меовардиву то соати як-дуи шаб таҳрир мекардӣ. Хеле касбатро дӯст медоштӣ. Баъзан вақт ман низ, бо худат бедор истода, саволборонат мекардам. Ботамкин ба ҳар як саволҳоям посух медодӣ. 
Бисёре аз дӯстон ва наздикон то ба ҳол ба ёд меоваранд, ки аз қадамат замин озор намеёфт. Ҳамаи корҳоят дурандешона буд. Хеле босабру таҳаммулпазир будӣ. Чунон хоксор будӣ, ки ногуфтанӣ. Он табассуми малеҳат ва чашмони зебоят ҳамеша пеши назарам аст. Мефахрам, ки фарзанди туам.
Қаҳваи талх менӯшидиву шабҳо ба кори тарҷума машғул мешудӣ. Тарҷумаи китобҳое, ки бароят меоварданд. Баъди кор то нисфи шаб китобҳоро аз забони русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс тарҷума мекардӣ. Ба хотири он ки зиндагии мо фарзандонат беҳ бошаду аз чизе танқисӣ накашем. Ин ҳунарат ба ман мерос мондааст, ки ҳоло ба кори тарҷума шуғл меварзам. 
Кабкро зиёд дӯст медоштӣ. Дар хонаамон мудом 2-3 кабк доштӣ. Субҳгоҳон ба садои форами кабкон гӯш мекардиву ба онҳо мағзи писта медодӣ. Ҳатто обу гандумро низ худат ба як меҳри падарона мехӯрондӣ. Рӯзҳои истироҳат кабкҳоро аз қафас озод карда, аз бозии онҳо завқ мебурдӣ. Аҷиб ин, ки ду парандаи ба пиндори мо, безабон, баъди як рӯзи даргузаштанат ҳалок шуданд.
Мегӯянд, ки мард намегиряд. Аммо бори аввал ашки чашмонату маъюсиатро дидаму дилам об шуд ва хулоса баровардам, ки ҳар касе гуфтааст «мард намегиряд» нодуруст гуфтааст. Бале, мард ҳам мегиристааст, аммо вақте мард мегиряд, на танҳо дили инсон, ҳатто дили санг ҳам об мешавад. Ман дар умрам танҳо як бор шоҳиди гиряат шудам. Он ҳам замоне, ки хабари марги нобаҳангоми  дӯсти наздикат, ҳамсинфат, оне, ки дар шодиву ғамат дар паҳлуят буд, ба гӯшат расид. Касе тавассути телефон хабар кард, ки Талабхӯҷа Сатторов гузаштаст. Ман он лаҳза дар наздат будам ва дидам чӣ гуна гиря дорӣ.  
Пас аз реҳлати наздиктарин дӯстат ҳамагӣ шаш моҳ зиндагӣ карда тавонистиву халос... 
Феврали соли 2008 хеле сард омада буд. Барқ набуд. Ду ҳафта бештар дар беморхона бистарӣ будӣ. Духтурон гуфтанд, ки муҳлат барои зинда монданат кам мондааст ва ба хона ҷавоб доданд. Як ҳафта дар ҳолати беҳушӣ қарор доштӣ. Касеро намешинохтӣ. 
Тамоми кӯшиши наздикон барои наҷотат бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо як бор ба ҳуш омадиву ба бародаронам ва модарам гуфтӣ, ки ҷои хуб барои дафнам ёбед ва тоқӣ ба саратон пӯшида, миёнатонро маҳкам бандед. «Марг танҳоиро меписандад» – мегӯянд. Ҳамаи хешовандон, ки зиёда аз як ҳафта дар хонаамон буданд, ба берун рафтанд ва каме пас омада диданд, ки дар панҷаи маргӣ. Он рӯз, рӯзе, ки дигар ҳеҷ дӯст дошта натавонистам, 12 феврал буд... 
Хеле дардовар аст, ки дар айни камолоти кору зиндагӣ, дар 55-солагӣ ҳамаи моро раҳо кардиву ба абадият пайвастӣ...

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
рӯзноманигор

Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив