ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. МАРКАЗИ ЗИДДИМУХАДДИРОТИИ СҲШ ТАЪСИС МЕЁБАД

ДУШАНБЕ. МАРКАЗИ ЗИДДИМУХАДДИРОТИИ СҲШ ТАЪСИС МЕЁБАД

26 апрел 2023, Чоршанбе
47
0


24-25 апрели соли 2023 таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машварати навбатии намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади баррасии масъалаи дар шаҳри Душанбе таъсис додани ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи зиддимухаддиротии СҲШ доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Дар машваратҳо коршиносони аршади мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин, роҳбарияти котиботи Созмон иштирок доштанд. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Беларус ба сифати давлатҳои нозир дар Созмон, ҳамчунин, дар кори ҷаласа ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз идомаи тадбирҳо дар раванди татбиқи қарори Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи такмили механизмҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишварҳои Созмон, ки моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ қабул шуда буд, ба ҳисоб меравад.
Нишастро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ифтитоҳ бахшид.
Дар машваратҳо раванди татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба таври амиқ баррасӣ гашт.
Ба таваҷҷуҳи ҳайатҳо дар бораи рӯйкардҳои ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба равишҳои имконпазир ҷиҳати таъсис намудани Маркази зиддимухаддиротӣ, вазифаҳои асосӣ ва сохтори он, рӯнамои иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода пешниҳод гардид.
Иштирокдорон, ҳамчунин, аз минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти Афғонистон ва Агентии назорати маводи нашъаовар боздид карда, дар бораи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир андешидашуда маълумоти муфассал гирифтанд.
Оид ба натиҷаҳои машварат протокол ба имзо расид. 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив