ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Чжан Ханхуэй: «Чин ҳамкориро бо ҳама ҷонибҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар Украина идома хоҳад дод»

Чжан Ханхуэй: «Чин ҳамкориро бо ҳама ҷонибҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар Украина идома хоҳад дод»

27 апрел 2023, Панҷшанбе
20
0


ТАСС. Сафири Чин дар Россия  Чжан Ханхуэй,  ба хабарнигорон гуфт, ки Чин барои ба эътидол овардани вазъият дар Украина робита ва ҳам-кориҳои наздикро бо ҳама ҷонибҳо идома хоҳад дод.  
"Мо чунин мешуморем, ки, пеш аз ҳама, оташбас лозим аст. Ҳама гуна низоъҳо бояд бо роҳи осоишта ҳал  шаванд. Оташбас қатъи интиқоли силоҳро талаб мекунад. Сухторро бо об хомӯш кардан лозим аст, на бо ҳезум. Набояд ба оташ равған пошид. Мо омода ҳастем, ки бо ҳама ҷонибҳо робита ва ҳамкории зич дошта бошем ва талошҳои муштаракро барои машваратҳо, фароҳам овардани шароит ҷиҳати музокироти сулҳомез ба хотири ҳалли ин низоъ дар Украина равона хоҳем кард», –  гуфт сафир.  


Суҳбати телефонии Путин бо Мирзиёев
ТАСС. Хадамоти матбуоти Кремл иттилоъ дод, ки Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла иқдомоти густариши  ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодиро, баррасӣ намуданд. 
Бино ба гуфтаи  хадамоти матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков, гуфтугӯ бисёр дақиқ ва самимӣ буд. Сухангӯи дафтари матбуот афзуд, ки Путин ва Мирзиёев муваффақияти Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ»-ро, ки рӯзҳои 24-26 апрел дар шаҳри Тошкент бо иштироки фаъоли ҷониби Россия баргузор шуд, қайд карданд.


Анқариб 19 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор намудаанд
Мир24. Тақрибан 19 кишвар хоҳиши пайвастан ба гурӯҳи БРИКС, ки Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомили онанд, изҳор доштанд. Ин масъала дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иттиҳод, ки моҳи июни соли 2023 дар Кейптаун баргузор мешавад,  баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи вазирони корҳои хориҷии БРИКС ширкати худро дар ин нишаст таъйид кардаанд. 
Анил Суклал, сафири вижа дар умури Осиё ва БРИКС,  гуфт: "13 кишвар, аллакай, расман ва шаш кишвари дигар ғайрирасмӣ дархости узвиятро намудаанд". Сафир афзуд, ки чунин дархостҳо ҳамарӯза ворид мешаванд.  
Қаблан, таҳлилгарони Хазинаи байналмилалии асъор гуфта буданд, ки кишварҳои узви БРИКС дар соли 2023 беш аз 32 дарсади рушди иқтисоди ҷаҳонро таъмин хоҳанд кард. Дар соли 2028 ин рақам, мувофиқи пешгӯиҳо, ба 40 дарсад мерасад.


СММ имкони тарки Афғонистонро дар моҳи май дар назар дорад
CentralAsia (CA ).  Маъмури Барномаи рушди СММ Ачин Штайнер гуфт, ки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид бо мақомоти «Толибон» музокира менамоянд, бо умеди он, ки дар ин моҳ аз як фармоне истисно кунанд, ки занони маҳаллиро аз ҳаққи кор дар ин Созмон манъ менамояд. Дар сурати муваффақ нашудан, СММ омода аст дар моҳи май як қарори "дилхарош" дар бораи хуруҷи неруҳои низомӣ аз Афғонистонро қабул кунад. 
Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ин иқдомро маҳкум кард ва гуфт, ки: "Поймол кардани ҳуқуқи занон дар Афғонистон қобили қабул нест".
Мунаққидони ҳаракати радикалии «Толибон» гуфтанд, ки онҳо ваъдаи кушодани мактабҳоро барои духтарони то синфи шашум шикастаанд. Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ин тасмимро "зарбаи бераҳмона ба ҳуқуқи занони афғон" номид.

Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив