ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛИ Ӯ РАВШАН АЗ СӮЗИ ДАРУН БУД

ДИЛИ Ӯ РАВШАН АЗ СӮЗИ ДАРУН БУД

01 май 2023, Душанбе
16
0

 
27 апрели соли равон дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили рӯнамоии китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд», ки ба 70-умин солгарди рӯзи мавлуди собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» – Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бобоҷон Абдулвоҳидов бахшида шудааст, бо ширкати васеи журналистони шинохта, олимони соҳаи матбуот, қаламкашони ҷавон баргузор гашт.
Барандаи маҳфил омӯзгори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сардори вақти шуъбаи иҷтимоиёти нашрияи «Садои мардум», ки солҳои зиёд бо ҳамроҳии Бобоҷон Абдулвоҳидов дар чопи рӯзнома саҳм мегирифт, оид ба саҳифаҳои хотирмони эҷодиёти журналистӣ ва сармуҳарририи Бобоҷон Абдулвоҳидов сухан ронда, иброз дошт, ки мавсуф аз охири моҳи апрели соли 1998 сармуҳаррир таъин шуд. Вазифаи сармуҳаррирӣ дар он айём аз масъалаҳои эҷодӣ дида вазнинтар буд. Коғаз намерасид, пластинаю плёнкаҳо ноёб буданд, вале сарфи назар аз ин мушкилот рӯзнома ҳар ҳафта мутобиқи реҷа аз нашр мебаромад. Ӯ аз нахустин сармуҳаррирони рӯзномаҳои расмӣ буд, ки аз ҳуруфчинии линотипии маводи чопӣ ба ҳуруфчинии компютерӣ гузашт. Навигариҳои техникиро зуд қабул мекард, барои харид маблағ дарёф менамуд.  
Ҳамин ҷӯяндагиву дӯстдори навоварӣ будани Бобоҷон Абдулвоҳидовро Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам чунин ёдовар шуд:
– Ман бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев аз 20 апрели соли 2000 ба ҳайси мудири котиботи Маҷлиси намояндагон ба фаъолият пардохтам. Аз он давра бо Бобоҷон аз наздик шинос шудам. Вай тамоми фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба тарғибу ташвиқи парлумони думаҷлиса сафарбар намуда, худ дар сафи пеш қарор дошт. Бо ташаббуси Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба моҳияту ҳадафҳои Маҷлиси намояндагон андешаҳои худро дар шакли мақола навиштанд ва маҳсули қалами онҳо аввал дар рӯзнома, сипас дар шакли китоби алоҳида бо номи «Дар коргоҳи қонун» нашр шуданд, ки имрӯз таърихнигорон ба он баҳои арзанда медиҳанд. Умуман, дар шакл гирифтани рӯзномаи «Садои мардум» ба сифати минбари намояндагони халқ, чун рӯзномаи парлумонӣ саҳми Бобоҷон Абдулвоҳидов назаррас аст. 
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонзода ба созмондиҳандагони маҳфил ва мураттибони китоби хондании «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд» изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Бобоҷон Абдулвоҳидов воқеан журналисти ҳирфаӣ буд, дар рушди матбуоти муосири тоҷик ба монанди сармуҳаррирони «Ҷумҳурият» Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Субҳон Кошонов нақши носутурданӣ гузошт, мавқеи рӯзномаи парлумониро дар байни дигар расонаҳои хусусиву шахсӣ баланд бардошт, соҳиби обрӯю эътибор кард, кадрҳои ҷавони зиёдеро ба шоҳроҳи хабарнигорӣ, ки басо пуршебу фароз аст, роҳхат бидод. 
Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», иброз дошт, ки Бобоҷон Абдулвоҳидовро аз остони донишҷӯӣ мешиносад, аз маҳсули килкаш, ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҳақиқати Хатлон» нашр мешуданд, бохабар буд, аз ин рӯ, вақте ки барои рӯзномаи «Садои мардум» хабарнигори вилоятӣ зарур шуд, ба сармуҳаррири нахустини нашрия Муродуллоҳ Шерализода ӯро тавсия намуд ва хато накард. Бобоҷон аз хабарнигорӣ то ба вазифаи сармуҳаррирӣ расид, ки натиҷаи заҳмату талошҳояш дар соҳаи матбуот аст. 
Абдулфайз Атоев, ки дар рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» бо Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамкор буд, аз рӯзҳои гузашта ёдовар шуда, гуфт, ки дар солҳои пурихтилофи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамдиёри ӯ дар рӯзномаи «Садои мардум» хабарнигори махсус буд ва аз вилояти вақти Кӯлоб хабару мақолаҳо менавишт, бисёр серташвиш буд. Аввалин қурбонии ҷанги таҳмилӣ сармуҳаррири «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализода гардид. Мирзомаҳмуд Мирбобозода, сармуҳаррири нави рӯзнома, тавонист ҷодаи пуршарафи қаҳрамони роҳи истиқлолияти давлатӣ роҳбари қаблиро бошарафона идома диҳад. Баъдтар масъулияти сарварӣ бар дӯши Бобоҷон Абдулвоҳидов вогузор гашт ва ӯ тавонист аз кашидани ин бори маънӣ барояд.   
Дар маҳфил адиби шинохта Шераки Ориён, журналисти маъруф Ҳуриннисо Ализода, ҳуқуқшинос Нуъмонҷон Муқимов ва дигарон аз ҳамкорию дӯстиашон бо Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳарф заданд. 
Ба иштирокдорони маҳфили ёдбуд Шарофат Абдулвоҳидова, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», бо сипосу эҳтиром китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд»-ро туҳфа кард, ки басо рамзӣ буд. 

Қурбон МАДАЛИЕВ,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив