ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА АРТИШ МЕРАВАД МАРД

БА АРТИШ МЕРАВАД МАРД

01 май 2023, Душанбе
43
0

 
Аз маводи расонаҳои хабарӣ, махсусан аз саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият”, мушоҳида мешавад, ки даъвати навбатии ҷавонони қобили хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи комилан башардӯстӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ҷараён дорад. Ин ҳама тантана ва бо завқи хос, ихтиёрӣ пайвастани ҷавононро ба Артиши миллӣ чанд сабаб аст.
Пеш аз ҳама, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, сарчашмаи асосии афзун шудани эҳсоси ватандории насли ҷавон маҳсуб меёбанд. Ҳар вожаву ҳар нуқтаи дар паёмҳо тазаккурёфта, ватандоронро водор месозад, ки пос доштани муқаддасот ва ҳифзи хоки ниёгонро ҷиддӣ бигиранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии хеш таҳким бахшидани фаъолияти афсарону сарбозонро дар шароити ҷаҳони муосир ҷузъи асосии пойдории Истиқлоли давлатӣ таъкид менамоянд. 
Дар Паёми навбатӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ҷуз бозгӯи паҳлуҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, масоили марбут ба соҳаи низомии мамлакат, мустаҳкам намудани неруи мудофиавӣ, дар ботини ҷавонон парвардани эҳсоси хизмат ба Ватан ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ низ, мавриди таъкиди хоси Пешвои миллат қарор гирифтанд.
Дар ин замина, зикр гардид, ки баҳри таҳкими ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бояд ҷавонон махсусан афсарону сарбозонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда,  барои онҳо шароити хуби хизматро муҳайё кардан зарур аст. Инчунин, аз ниҳодҳои низомӣ риояи ҳатмӣ ва ҳамаҷонибаи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ тақозо шуд.
Шарҳи ҷанбаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар машғулиятҳои тарбиявии мо, омӯзгорон, бо донишҷӯён сурат мегирад. Ба унвони омӯзгор дар ҷараёни машғулиятҳои тарбиявӣ-таълимӣ мушоҳида менамоям, ки ҳар донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ майли сарбоз шудани худро иброз медорад.
Омили дигар тақвият ёфтани эҳсоси ҷавонони Тоҷикистон дар самти хидмат ба Ватан ҳодисаву воқеаҳоест, ки солҳои охир дар қолаби нофаҳмиву беаҳдии бадхоҳони давлату миллати тоҷик ба амал омаданд.
Гузашта аз ин, вазъи ҷаҳон ҳамоно пуртазод боқӣ мемонад. Бо мушоҳидаи ҳолати мазкур, ҷавонони кишвар ба хулосае омадаанд, ки марзи Меҳанро ҷуз мо ҳеҷ каси дигар майли дифоъ кардан надорад. Ҳамин эҳсоси ватанбонӣ ҷавононро ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” омили дигари таҳрикдиҳандаи ҷавонони кишвар баҳри ҳифзи Ватан ва дар ин замина ихтиёрӣ шомил шуданашон ба сафи артиш мебошад.
Таҳлили коршиносонаи Қонуни мазкур тавассути ВАО-и кишвар ва вохӯриву нишастҳои пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо мардум боиси ба вуҷуд омадани масъулияти ватандории насли ҷавон гардид, ки сарбози Артиши миллӣ буданро барои худ мояи ифтихор ва шарафи бузург мехонанд.
Хушбин шудани ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми нек ба мардуми Тоҷикистон аст, ки дар ин самт саҳми дастуру суханрониҳои пурмуҳтаво ва ибтикороти шоистаи Пешвои муаззами миллат басо бузурганд.
Мардуми кишвари азиз бо эҳсоси баланди ватандорӣ ҳар яке худро узви Артиши миллии Тоҷикистон мешуморад. Пиру ҷавони кишвар ба афсарону сарбозони сипоҳи Ватан муҳаббати беандоза доранд. Афсарону сарбозон бо либоси низомии хеш меболанд, ки шарафи ватандори низомӣ ба исмашон васл гаштааст. Ҳар ҷавонмард дарк намудааст, ки хидмати ҳарбӣ нишонаи асосии ҷавонмардист. Мисраъҳои шоири тоҷик Ато Мирхоҷа имрӯзҳо сари забони ҳар ватандор аст:

Ба артиш, оре, оре, меравад мард,
Занад, афтад, ба по хезад, давад мард.
Агар фахри падар бошад зи мардӣ,
Писар аз хизмати ҳарбӣ шавад мард.

Фаррух САЙДАҲМАДОВ, 
омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия 
ва иқтисоди Тоҷикистон

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив