ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЁ ҶАҲОНӢ МЕАНДЕШЕМ?

ОЁ ҶАҲОНӢ МЕАНДЕШЕМ?

01 феврал 2023, Чоршанбе
62
0

Имрӯз ногузир аст, ки ҷаҳонӣ биандешем. Ҷаҳонӣ наандешидан маънии қафо мондан аз истиқлолияти воқеӣ, дур гардидан ва охири охирон маҳв шуданро дорад. Ин нуктаро бузургони миллати соҳибтамаддунамон ҳанӯз садсолаҳо пеш дарк кардаву бароямон таъкид намудаанд: 
Ҳар замон нав мешавад дунёву мо
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
Мутаассифона, ин гуна таъкидҳои ҳаётбахшро надида гирифтем ва ё ба асли маънияш нарасидем. Дар натиҷа қафо мондем. Оре, қариб дар тамоми соҳаҳо. Агар чанд дастоварде дорем, ки ҷаҳонианд, бешак, дар маҷмуъ ҷавобгӯи талаботи давр нестанд. Мо ҳам дигар имрӯз наметавонем бо навгониҳои ҷаҳонӣ ифтихор бикунем, аз ин рӯ, ифтихорамон бештару бештар аз гузашта аст. Даст бар сина мезанем, ки ину онро дорем ва онҳо барои пешрафти тамаддуни ҷаҳон, адабиёти асил саҳми бузург гузоштаанд. Бо чунин адабиёти оламшумулу беназир ва мусиқии классикӣ натавонистем, ки адабиётамонро, мусиқиамонро ҷаҳонӣ намоем. Агар сабабу баҳона ва узр меҷӯем, бисёр аст. Ҳама айб дар мо аст, на дар вақту на дар ҷангу на дар иқтисод. Ин қадар ҳам баррасиву таҳлил намекунем, ки баъзе аз миллатҳо, кишварҳои хурд дар як муддати бас кӯтоҳ барои таърих пеш рафтанд ва шуҳрати ҷаҳониро соҳиб шудаанд. Ин ҳеҷ асроре надорад, ҷуз масъулиятшиносӣ. Барои он майна об кардан, андешидани бисёр шарт нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳонӣ андешидан, ҷаҳонӣ шудан қариб тамоми имконҳоро фароҳам овардаанд. Ба ҷуз ин, пайваста таъкид медоранд, ки барои бештару беҳтар муаррифӣ намудани миллату давлат ва кишвар тамоми тадбирҳоро биандешему амалӣ бинамоем. Махсусан ҳамасола зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва таъкид медоранд, ки бояд аз пешрафти замон ва ҷаҳон қафо намонем. Моро борҳо ҳушдор додаанд, ки хосса аз вазъи мураккаби ҷаҳон ба ҳар рӯз огоҳ бошем. Воқеан, нашинохтани ин вазъ истиқлолу ваҳдати миллии моро зери хатар мегузоранд.
Боло бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ба миллату забони давлатӣ, арзиш гузоштан ба истиқлолу ваҳати миллӣ, дар ҳақиқат, монеи бисёр лағзишҳо, гумроҳиҳо шуда метавонанд. Албатта, ҷойи таассуфи зиёд аст, ки гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар сангарҳо ба манфиати идеологияҳои хориҷӣ меҷанганд. Фирефтаи хориҷиён шудан дар ин рӯзгоре, ки ҳазорон воситаи омӯзиш ва шинохти дӯст аз бегона вуҷуд дорад, фикр мекунам, нобахшиданист. Инчунин, бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки гурӯҳи мазкур дар шинохти дурусти ҳақиқати мавҷуда хеле қафо мондаанд ва устуворӣ дар онро дарк накардаанд. Замоне ки расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар ин ё он ҷангҳо тоҷикон ширкат меварзанд ва ё кушта шудаанд, барои ҳар кадоми мо бояд нигаронкунанда бошад. Чаро натавонистем, ки монеи сафару кушторҳои онҳо бишавем? Ин вазифаи ҳар кадомамон аст, зеро зарараш дар лаҳзаҳои номувофиқ ба ҳамаи мо хоҳад расид. Дар симои ин чанд нафари гумкардагони роҳу ҳақиқати аслӣ тамоми мо – миллатро мебинанду баҳо медиҳанд. Вақте ки ҳам наворҳои фиристодаи онҳоро мебинему суханонашонро мешунавем, аз оқибати бадашон дар андеша меафтем. Кӣ кафолат дода метавонад, ки рӯзе ва ё соле душманони хориҷи мо онҳоро ба сарзаминамон намефиристанд? Як бор ба чунин як ҳодиса рӯ ба рӯ гардида будем. Хушбахтона, мардум бо ҳисси ватандӯстӣ ба муқобилашон бархостанд ва бар онҳо пирӯз шуданд, аммо дар ин ҳарб чанд тан аз ҳамватанони мо, хосса мардуми осоишта низ, ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи нангин барои мо бояд сабақи фаромӯшношуданӣ гардад.
Ҳолиё тамоми имкониятҳо барои сафарҳои хориҷӣ, таҳсил дар макотиби олии кишварҳои гуногунро давлат фароҳам овардааст. Ҳазорҳо нафар зимни сафарҳо пешрафту тараққиёту ободонии мамолики хориҷиро дидаанд ва дар муассисаҳои таълимӣ сабақ андӯхтаанд. Мурод аз ин ҳама хидмати содиқона ба кишвар ва мардуми он аст, албатта, бо андешаи ҷаҳонӣ.
Дар кишвар ҳам омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хосса забонҳои русӣ ва англисӣ, васеъ ба роҳ монда шудааст. Таъкид мегардад, ки аз навтарин техникаву технология, барномаҳои ҷаҳонӣ сари вақт огоҳ бошем. Ҳамчунин, зуд бо истифода аз донишу хирад ба навиштаҳои муғризонаи душманони хориҷӣ бо шинохти масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ посух бигӯем. Дигар дар банди мафкуравии як маҳалу миллат мондан нишони ғафлату танбалӣ ва қафомондагӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто донистани як забон ҳам касро наметавонад, ки пешрафта муаррифӣ бинамояд. Агар ҳам сад кишвари хориҷиро бубинӣ, дар онҳо муддатҳо зиндагӣ бикунӣ, аммо аз банди маҳалу зодгоҳ нараҳӣ, нафаре ҳастӣ, ки гӯё кӯрӣ ва ҳеҷ ҷойро надидаӣ.
Баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳу-риявӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир баргузор мегарданд, ба ин хотир аст, ки миллати китобхон, ҳунардӯст, илмдӯст ва пешрафта бошему ҷаҳонӣ биандешему миллату давлатро бештару беҳтар муаррифӣ бикунем. Сарвари давлат барои ин озмунҳо маблағҳои зиёди пулӣ ҷудо менамоянд ва таъкид медоранду назорат мекунанд, ки онҳо шаффоф бигузаранд. Самараи неки онҳоро мардум дида истодаанд. Дар баробари ин, ҳар кадоми мо низ дар тарбияи насли наврас, ҷаҳонӣ андешидаанду ҷаҳонӣ шудани онҳо ва соҳаҳои гуногун бо дастовардҳои назаррас лозим аст, ки бевосита саҳм бигирем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (23 декабри соли 2022) барҳақ таъкид карданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарин рушди миллат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ ва рушд» - ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем». Дар ҳақиқат, танҳо ба ин васила мо метавонем насли наврасро барои ҷаҳонӣ андешидан ва ҷаҳонӣ гардидан тарбият намоем.

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив