ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУЪЁЕ, КИ ВОҚЕИЯТ ШУДАНАШ ЧАНДОН МУШКИЛ НЕСТ

РУЪЁЕ, КИ ВОҚЕИЯТ ШУДАНАШ ЧАНДОН МУШКИЛ НЕСТ

01 май 2023, Душанбе
18
0


Дар замони шуравӣ  сокинони  самти шимоли ин кишвари паҳновар бештар рухсатии худро дар қисми ҷанубии он мегузаронданд. Ба ғайр аз ин, сайёҳони зиёд аз мамлакатҳои Аврупо низ меҳмони ҳамешагии кишвари мо буданд. Табиати зебо, осоишгоҳҳои беназир, меваҳои шаҳдбор бештар саёҳонро сӯи Тоҷикистон мекашид. Он солҳо вақте ки мавсими пухтани мева фаро мерасид, дар меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои Тоҷикистон дарёфти ҷой осон набуд. Бисёре аз сайёҳон маҷбур мешуданд, ки дар хонаҳои мардум иҷоранишинӣ кунанд. 
Дар ин мавсим дар бозорҳои мевафурӯшӣ аз харидорони таҳҷоӣ дида, меҳмонон бештар ба назар менамуданд. Вақти бозгашт ҳар кадоме мувофиқи андозаи нишондодаи Ширкати ҳавоии дар он замон машҳур “Аэрофлот” фақат як сабади пур аз меваро бо худ гирифта, ба макони зист бармегашт.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат боғу токзори зиёд бунёд гардида, ҳазорҳо тонна мева ва полизиҳо рӯёнда мешаванд. Аммо, боиси таассуф аст, ки қисми бештари он бо сабабҳои гуногун талаф ёфта, ба дастархони дӯстдорони мева намерасад.
Дар ҷаҳони муосир бисёре аз кишварҳо барои ба даст овардани даромади молиявӣ, намудҳои  гуногуни хизматрасонии ҷаҳонгардиро  созмон додаанд. Ба монанди “Шопинг туризм”, туризми баҳрабардорӣ аз нурҳои офтоби соҳилҳо, шиноварӣ ва ғайра. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имконияти зиёде барои пешкаши чанд намуди хидмат ба сайёҳони хориҷиро дорад, ки  боиси рушду тараққии иқтисодии он шуда метавонад. Ҳама хуб медонанд, ки истеъмоли зиёди мева ва сабзавот барои мустаҳкамгардонии масунияти инсон хеле зарур ва нафъовар аст. Кишвари мо метавонад дар ин самт хизматрасонии муносиберо пешниҳоди хоҳишмандон гардонад.  
Биёед, бо ҳам аз олами воқеӣ чанд лаҳза ба олами руъёӣ ворид шавем. Баробари сайёҳ ба ҳавопаймои самти мамлакати мо парвозкунанда нишастан, ба ӯ меваҳои болаззату фараҳбахши дар замини мо парваришшударо пешкаш менамоянд. Дар даромадгоҳ ва толорҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва, ҳамчунин, утоқи зисти сайёҳон табақ ё сабади  меваҳо гузошта шудаанд. Ё дар канори роҳу пайроҳаҳои сайёҳон боғҳои зебои зиёде мавҷуданд, ки меваҳои гуногуни пухтарасида доранд ва ба одамоне, ки ҳаваси экзотикиро доранд, пешниҳод мекунанд, ки рафта бо дастони худ меваҳоро аз дарахт бичинанд. 
Дар ин сурат, боғпарварони камдаромади тоҷик дар симои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҷаҳонгардӣ, маъмурияти меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу пойгоҳҳои сайёҳӣ ва худи сайёҳон харидори эҳтимолии худро дарёфт мекунанд. Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти пешниҳодшудаи мо дар он ҳолат қимати боарзиш ва харидори зиёд пайдо мекунад, ки  онро ҳамон тавре ки дар қадим бидуни истифодаи ҳама гуна моддаҳои кимиёвӣ ва ГМО истиҳсол намоем. Барои ба даст овардани  чунин бозори мева ва дигар маҳсулоти беназир тарзу усули суннатии кишоварзиро аз нав дар кишвар бояд эҳё намуд.
Ба ғайр аз ин, дар Тоҷикистон имконияти хуб барои ташаккули ҷаҳонгардии табобатӣ мавҷуд аст. Намуди зиёди гиёҳҳои шифоӣ ва меваҳо, аз қабили анор, тут, анҷир ва  зардолу мавҷуданд, ки барои чандин дардҳо, доруи шифобахш буда метавонанд. Обҳои ошомидании шифоии Ҳавотоғ, Шоҳамбарӣ, Файзобод, Анзоб ва ғайра аз ҷиҳати таркиби шифоияшон аз обҳои маъдании Қафқоз ҳеҷ камӣ надоранд. Обҳои шифобахши Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, гармчашмаҳои Бадахшон ва мавзеъҳои дигари кишвар дар ҷаҳон назир надоранд. 
Дар ҳолати омода намудани мудирияти хуб ва шароити мусоиди омадурафт, хизматрасонии бекаму кост, таъмини афзоиши ҳамешагии буҷети кишвар, Тоҷикистон метавонад дар радабандиҳои мамлакатҳои дорои саноати баланди ҷаҳонгардӣ ҷойгоҳи муносибро касб намояд. 

Н. НЕЪМАТЗОДА

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив