ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУОИ МОДАР МУСТАҶОБ АСТ

ДУОИ МОДАР МУСТАҶОБ АСТ

02 май 2023, Сешанбе
80
0


 
Яке аз роҳҳои муассири дарёфти саодат ин дуоест, ки модар бо он барои фарзанд ба сӯи Парвардигор аз сидқ муроҷиат мекунад. Ин дуоро бо рафтори нек ва эҳтирому тоат нисбат ба ӯ метавон лоиқ шуд. Дуои модар барои инсон кушоиш меорад, қалъае мегардад, ки деворҳояш аз газанду боди зиндагӣ ҳифз мекунад…

ДУОИ МОДАР ФАТҲУ КУШОИШ  БАРОИ КОРУ РӮЗГОР МЕБОШАД
Боиси хушбахтӣ ва шукргузорист, ки таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибихтиёр эътибору манзалати модар байни мардум баланд буда, фарзандон ҳамвора барои ба даст овардани дуои неки модар мекӯшанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон саҳми модаронро дар тарбияи фарзандони бонангу номуси миллат зикр намуда, эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳматҳои модаронро пайваста таъкид медоранд. 
Барҳақ, модари тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву донишманд, қаҳрамону сарсупурда, далеру шуҷоъ, меҳандӯсту ватанпарварро ба дунё оварда, ба камол расондааст ва чун марди асил барои хизмат ба халқу миллату давлат дуои нек додааст. Чун дуои модар ҳамеша мустаҷоб аст ва дар кору зиндагӣ барор меорад, имрӯз фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик бо заҳматҳои бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому эътибори Тоҷикистони соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ то рафт баланд мебардоранд. 

РАМЗИ ЭҲТИРОМ  БА МОДАРОНИ ТОҶИК 
7 октябри соли 2021 бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд чун рамзи қадршиносии модари тоҷик дар саҳни майдони Фурудгоҳ муҷассамаи «Дуои модар» бунёд шуд. Тибқи маълумот, муҷассама бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи он 6,7 ва пояи он 5,5 метр аст.  Муҷассамаи модар ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар дар кишвар мебошад. Ҳангоми ифтитоҳи муҷассама Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашк рехта, ба иқдоми мазкур, ки дар ободии ин гӯшаи диёр саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, амалашонро шоистаи таҳсин номиданд.
Муҷассама маънии дуои хайри модарро дошта, бо он алоқаманд аст, ки ҳар шахс ҳам пеш аз парвоз ва ҳам пас аз омадан дуои модарро мегирад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои модар мақоми махсус дошта, рамзи амонӣ, пешрафту комёбӣ ва муваффақият дониста мешавад. 

МОДАР – ТАҶАССУМГАРИ  МЕҲРУ МУҲАББАТ
Ман бисёр одамони арзандаро дидаам, ки дили пок доранд ва танҳо дили модар, воқеан, шоҳасар аст. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бузург, беинтиҳо ва беғараз мебошад. Муҳаббати модар чунон поку самимӣ аст, ки нигоштаи нависандаи маъруфи фаронсавӣ Оноре де Балзакро дар ин хусус метавон мувофиқ донист: «Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате беҳтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад». Модар дар ҳаётатон ягона мавҷудоти зинда дар рӯи олам мебошад, ки гуруснагиашро вонамуд намекунад, то шумо сер шавед, ташна мемонад то шумо ташнагиатонро бишканед, шабҳои бехобӣ мекашад, то шумо ба роҳат хоб равед, меболад ба хандаи шумо ва мегиряд ҳангоми дарди шумо. Ӯ ҳаёташро ба шумо мебахшад, то шумо тавонед дар пойи худ рост истода, равон гардед… Ҳатто тамоми суханони беҳтарини оламро ҷамъ оварда, наметавон некиҳои модарро сипосгузорӣ кард. Модар муқаддас аст. Биноан, дуои модар шуморо ба қуллаҳои мақсад мерасонад. Ин аст, ки умеди шумо бар дуои неки модар зиёд аст. Аммо, мутаассифона, модарон абадӣ нестанд. Шумо рӯзе мефаҳмед, ки модари аз барои абадӣ рафтаатонро баргардонда наметавонед. Гаштаву баргашта бар остони ӯ меравед, ҳатто баъди набудани ӯ ҳам. Зеро аз дуоҳои ӯ сабзидаед ва боз ҳам ниёз доред ба дуояш, навозишҳояш, дӯстдориҳояш. Хушо фарзандеро, ки хизматҳои модарро то ҷое қадр кардааст.     

ДУНЁ МУНАВВАР АСТ  БО НОМИ МОДАР 
Боз беҳтарин модар ҳамонест, ки пас аз даргузашти падар ҷойгузини ӯ барои фарзандон мегардад. Худро қурбони фарзандон мекунад. Танҳо модар чунин метавонад, зеро ӯ шахсест, ки бо махсусиятҳои худ барои кӯдаконаш ҳамаро иваз намуда метавонад, вале ӯро ҳеҷ кас иваз карда наметавонад. Шумо борҳо шоҳиди он гаштаед, ки модари тоҷик чӣ гуна барои фарзандон ҳам падару ҳам модар шудааст. Барои тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст саҳми бориз гузоштааст. Дар ин роҳи душвори ҳаёт бо ноамниву ноадолатиҳои давру замон рӯ ба рӯ шуда, симои поки модарзодиву табииро таҷассум намуда, худро дар баландии ахлоқӣ нигоҳ доштааст. Фарзандонро, ки бе падар тарбияву соҳибмаълумот намудан хеле мушкил аст, бе каму кост ба воя расондааст. Аз барои камолоти фарзандон тамоми дороӣ, ҷавонӣ, ҳастии худро сарф кардааст. Дар ин ҷо ба ӯ ҳисси бузургу самимии модарӣ мададгор будааст ва ҳаст. Он ба чизе монанд ва ё вобаста нест.  Он дар шакли меҳри азалӣ, аллакай, дар батни модар будани фарзанд аз барои абадӣ пайдо мешавад. Хислатҳои ҳамидаи инсонии модар ӯро дар назди ҳама муқаддас гардондааст. Ин аст, ки модар ҳатто пас аз марг ҳам мавҷудоти муқаддастарини олам боқӣ мемонад. Дар дунё муқаддастар аз номи модар чӣ бошад? Тамоми дунё мунаввар аст бо номи модар, зеро худи мафҳуми зиндагӣ бо ҳамин ном алоқаманду тавъам аст.  

Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив