ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР ҲАМА МАСЪУЛИН ДАР ФИКРИ МАРДУМ БОШАНД...

АГАР ҲАМА МАСЪУЛИН ДАР ФИКРИ МАРДУМ БОШАНД...

02 май 2023, Сешанбе
25
0

 

Гап сари он ки ҷигарбандам, писарчаи хурдсолам  бемор шуд. Баҳри табобаташ кӯшиши зиёду маблағи калон сарф намудам. Мутаассифона, саломатии писарчаам ба таври дилхоҳ беҳбудӣ намеёфт. Дар ин маврид лозим омад, ки шахсан ба қабули вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода равам. Вазир маро хуш пазируфт ва аз ҳолам пурсон шуд. Дар навбати худ ба ӯ сабаби ба наздаш омаданамро як-як гуфтам. Вазир суханонамро бодиққат гӯш карда, хобондани писарчаамро дар Муассисаи давлатии маркази миллии тиббии “Шифобахш” тавсия дод. 

Маслиҳати вазири муҳтарам сабаб гардиду зери назорати духтурон ва бо мадади Худованд саломатии ҷигарбандам рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ин муддат вазири муҳтарам чандин маротиба ба ман занг зада, аз вазъи саломатии писарчаам пурсон шуд.  
Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд. Саломатии ӯ барои волидон ганҷи бебаҳост. Аз ин рӯ, ҳангоми бемор шудани фарзандон волидон оромии худро аз даст медиҳанд. Ман ин ҳолатро аз сар гузарондам ва орзу дорам, ки ҳеҷ волидайне ба ин ҳолат гирифтор нашавад. 
Ҳангоми бистарӣ будани писарчаам сардухтури Маркази миллии тиббии  “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода шахсан аз вазъи саломатияш бохабар мешуд. Табибонро таъкид мекард, то вазъи саломатии писарамро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Рости гап, аз чунин рафтори ҷавонмардонаи вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардухтури Маркази болозикр Хизматулло Шамсзода ба саломатии фарзандам хеле шод шудам. Аз ин ваҷҳ, таманно дорам, кош сафи чунин ашхосе, ки дасти корафтодагонро мегиранд биафзояд, то ҳеҷ волидайне ба хотири саломатии фарзанд тандурустии худро аз даст надиҳад. Агар ҳамаи масъулон вазифаи худро дар назди халқу Ватан самимона иҷро намоянд, пас, зиндагӣ ранги дигар мегирад.
Дар фарҷом мехоҳам тавассути рӯзномаи “Ҷумҳурият” миннатдории бепоёни худро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардухтури Маркази миллии тиббии  “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода баён созам. 

Бо арзи эҳтиром Беҳрӯз КАРИМЗОДА

 

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив