ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КФҶ: ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

КФҶ: ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

02 май 2023, Сешанбе
20
0


Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Раззоқзода Салоҳидин Шамсидин бо суханони шодбошӣ баромад карда, изҳори хушнудӣ намуданд, ки соли панҷум аст, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат вобаста ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва баланд бардоштани малакаву истеъдоду дониши хонандагону донишҷӯён озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ доир мегарданд. 
Бо ин мақсад, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-329 ва амри раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 10 марти соли 2023, №50 доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» санаи 26.04.2023 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимӣ даври якуми ин озмун баргузор гардид.
Тибқи талаботи Низомномаи Озмун ҳайати ҳакамон ва комиссияи тадорукоти Муассиса аз ҳисоби мутахассисони соҳаи санъату фарҳанг таъсис дода шуда, онҳо ба таври шаффоф аз оғоз то анҷоми баргузории Озмун ҳунару истеъдоди иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.
Иштирокчиёни давр дар толори муассисаи таълимӣ аз рӯи се номинатсия, аз ҷумла номинатсияҳои жанри сарояндаи анъанавӣ, жанри навозандаи академӣ, жанри навозандаи анъанавӣ баромад карданд.
Баҳогузории ҳайати ҳакамон аз 5 то 10 хол барои ҳар як номераи баромадкунандагон пешниҳод гардида буд. Онҳо дар доираи ҳамин холҳо баҳогузорӣ намуданд.
Тибқи хулосаи ин ҳайат даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз байни 42 нафар иштирокчӣ 12 нафар бо гирифтани баландтарини хол ҳамчун ғолиб арзёбӣ гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуда, барои иштирок дар даври ноҳиявии Озмун роҳхат гирифтанд.
Устодони санъати мусиқӣ ва ғолибони даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо диплом ва ифтихорномаи директори муассисаи таълимӣ қадрд гардиданд.

Миралӣ ВОҲИДОВ, 
омӯзгори КФҶ ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив