ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. БАРДОШТ АЗ РӮЗИ ПОЙТАХТ

ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. БАРДОШТ АЗ РӮЗИ ПОЙТАХТ

03 май 2023, Чоршанбе
165
0


Мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел   Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол санаи мазкур ба 15 апрел рост омад. Душанбе пойтахти Тоҷикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад. Аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" баррасӣ гардид, ки ман дар он иштирок  доштам.   Душанбе баъди истиқлолият  дарвозаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиашро бо донишмандон ва фарҳангшиносон ба рӯи ҷаҳон боз кард. Имрӯзҳо ба ин шаҳри ҷавон дӯстдорони фарҳангy тамаддун меҳмон мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки ин шаҳр дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид. 
Шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер – Душанбе бародаршаҳрҳо , Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ мебошад. Ҳамчунин, Душанбе  бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр аст, ки  тавассути он Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи бузурги Шоҳроҳи бузурги "Абрешим" пайванд намуда, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро таҳким мебахшад.  
Лоҳур  аввалин шаҳр дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарии муғулон ин шаҳр маркази идоракунии умури давлатдорӣ буд. Дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз ҳам наздиктар мекунад.           
Душанбе яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Миёна мебошад. Шаҳр дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.  Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин шаҳр таърихи 2300-сола дорад. Номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Дар таърих ёд мешавад, ки мардуми атрофи Ҳисор ҳар рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душанбеи имрӯза қарор дорад, барои харидуфурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин шаҳрро Душанбе меноманд. Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе  номгузорӣ шуд. 
Шаҳри Душанбе  бо шаҳрҳои  Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лусака (Ҷумҳурии Замбия), Монастир (Ҷумҳурии Тунис), Лоҳур, Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Теҳрон , Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Чиндао, Хайнан,  Урумчи, Сямэн (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анкара (Ҷумҳурии Туркия), Ашқобод (Туркманистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) робитаҳои бародаршаҳрӣ бар-қарор намудааст.
Шаҳри Душанбе   бо 21 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намуда, дорои  макону ёдгориҳои зиёдест, ки пайваста сайёҳон аз ин ҷо дидан менамоянд 
Хулоса, Душанбе маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста  ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд. 

Мирсаид РАҲМОНОВ,
коршиноси шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив