ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶӮРАБОЙ БОБОҶОНОВ – ОМӮЗГОРИ СОЛ

ҶӮРАБОЙ БОБОҶОНОВ – ОМӮЗГОРИ СОЛ

01 феврал 2023, Чоршанбе
36
0

Дар Вазорати маориф ва илм Озмуни ҷумҳуривии “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2022” ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, ғолиби даври ниҳоиро эълон намуданд.
Ҳамин тариқ, Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд омӯзгори соли Тоҷикистон эълон гардида, бо 30 000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардид.
Ҳамчунин, ғолибони дигари озмун Азизамоҳ Идиева, Фарангез Оддиева бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Гулнамо Мамадгаминова ва Бахтовар Ҳукумзода бо Ифтихорномаи Вазорат қадр шуданд.


"АВЕСТО" БА ЗАБОНИ АРМАНӢ ТАРҶУМА ШУД
"Авесто" бо тарҷумаи Эдвард Ҳақвирдиён, шоир ва мутарҷими маъруфи Арманистон, бо забони арманӣ нашр шуд. 
Он иборат аз 729 саҳифа буда, дар интишороти "Онторес" аввалин бор аз забони форсӣ ба забони арманӣ тарҷума гардид.
Ёдовар мешавем, ки "Авесто" тавассути Ҷалили Дӯстхоҳ ва Иброҳими Пуридовуд, ду эроншиноси барҷаста ва Ҷеймс Дорместтер, бостоншиноси фаронсавӣ, ба забони форсӣ тарҷума гардида буд, ки мабнои баргардонӣ бар забони арманӣ аст.


“ҲИКМАТИ ҶОВИДОН” ДАР САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Дар Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Ҳикмати ҷовидон” (Аз ҳикмати Ҳинди бостон) муаррифӣ гардид. Он аз ҷониби Замира Ғаффорова, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳия ва ба нашр омода шудааст. 
Китоби мазкур бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба табъ расидааст. Ҷаноби Вираҷ Сингҳ дар сарсухани китоби “Ҳикмати ҷовидон” навиштааст: “Профессор Замира Ғаффорова ҳиндшиноси маъруф буда, пайвандгари фарҳангҳо ва мардумони Ҳиндустону Тоҷикистон аст”.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив