ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИТТИҲОДИ АВРУПО. ДАСТГИРӢ АЗ ИСЛОҲОТИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН 

ИТТИҲОДИ АВРУПО. ДАСТГИРӢ АЗ ИСЛОҲОТИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН 

03 май 2023, Чоршанбе
57
0

 
20 апрели соли 2023 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд бахшида ба муаррифии Системаи кишоварзӣ-озуқаворӣ ва Барномаи рушди устувори кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА), GIZ бо дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла USAID, ФАО, IFAD, БОР, БҶ, JICA, AKDN ва вазорату идораҳои соҳавии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Чорабинӣ барои ҷонибҳои манфиатдор замина фароҳам овард, ки ба ҳам омада, уҳдадориҳо ва саҳми худро дар ноил шудан ба ҳадафҳои барнома баррасӣ созанд. Зеро, саъю кӯшиши муштарак барои ноил шудан ба рушди устувори шабакаи кишоварзии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад. Вазири кишоварзӣ, Қурбон Ҳакимзода ҳадафҳои барнома, равишҳои асосӣ ва ҳафт афзалияти стратегиро муаррифӣ намуд. 

Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони ИА ва GIZ зарурати стратегияи фарогирро баҳри ноил шудан ба рушди устувори кишоварзии Тоҷикистон таъкид карданд. Онҳо иқтидори соҳаи кишоварзии кишварро эътироф намуда, ваъда доданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои барнома онҳоро дастгирӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагӣ ва сафири ИА дар Тоҷикистон, вазъи экологии ҷумҳуриро тавассути занҷири арзиши пахта ва аҳамияти он барои кишоварзӣ ва иқтисоди Тоҷикистон муътадил баён дошт. 
«Иттиҳоди Аврупо анъанаи деринаи ҳамкорӣ, дастгирӣ ва муколамаи пуршиддати сиёсӣ бо Вазорати кишоварзӣ дорад ва хостори минбаъд низ, таҳким бахшидани он аст, - гуфт ҷаноби Раймундас Кароблис. Барномаи пешбари Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди деҳот Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки аз ҷониби GIZ амалӣ карда мешавад. Барнома ислоҳоти аграриро дастгирӣ намуда, иқтидори Вазоратро барои татбиқи барномаҳои мавҷуда, аз ҷумла рушди занҷираҳои арзиши иловашуда дар кишоварзӣ пурзӯр карда, барои ҷорисозии таҷрибаи пешқадам дар истеҳсолоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меорад».
Ҷаноби Вулф-Хендрик Горетски, директори Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ИА уҳдадориҳои GIZ-ро барои осон кардани дастрасӣ ба молия ва бозорҳои молҳои ояндадор аз Тоҷикистон тасдиқ намуда, афзуд, ки захираҳои техникӣ ва молиявии GIZ барои ноил шудан ба ҳадафҳои барнома, ба афзалиятҳои рушди устувори кишоварзӣ, баробарии гендерӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот нигаронда шудаанд. 
«Ҳамчун шарик дар бахши кишоварзӣ GIZ бо дастгирии молиявии ҳукумати Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ҳадафҳои дар ин стратегия муайяншударо дастгирӣ мекунад. Мо барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва бозорҳои молҳои ояндадор аз ҳудуди Тоҷикистон ёрӣ мерасонем, - иброз дошт ҷаноби Вулф-Хендрик Горетски, - Мо тарафдори онем, ки бо Вазорати кишоварзӣ барои бомуваффакият ба амал баровардани ин стратегияи ояндаи хоҷагии кишоварзӣ кор кунем. Захираҳои техникӣ ва молиявии мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегия, афзалияти рушди устувори кишоварзӣ, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳот истифода хоҳанд шуд.”
ИА ва GIZ ҳадафҳои фарогир ва шуҳратовари барнома ва мувофиқати онҳоро бо афзалиятҳои миллии Тоҷикистон оид ба некуаҳволии инсон, коҳиши камбизоатӣ ва амнияти озуқаворӣ эътироф карданд. 
Ҳамин тариқ, ИА ва GIZ дар ташкили чорабинии сатҳи баланд нақши ҳалкунанда бозиданд ва ваъда доданд, ки дастгирии худро барои ноил шудан ба ҳадафҳои барнома бо таваҷҷуҳ ба рушди устувори кишоварзӣ, баробарии гендерӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот дареғ намедоранд.

Шарофат АШУРОВА,
телефон: (+992) 987-27-00-46, 
почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив