ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ЭЛИТА".  КАРТОШКАИ ТУХМӢ ДАСТРАСИ ДЕҲҚОН ШУД

"ЭЛИТА".  КАРТОШКАИ ТУХМӢ ДАСТРАСИ ДЕҲҚОН ШУД

03 май 2023, Чоршанбе
67
0

Дар мавсими кишт хоҷагиҳои тухмипарварии минтақаҳои гуногуни кишвар дар доираи  қисми аввали лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон" ба картошкаи тухмии гурӯҳи элита дастрасӣ пайдо намуданд. Мақсад аз тақсими картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи "Кроне" ва "Галла" зиёд намудани тухмиҳои сертификатсияшуда дар саросари хоҷагиҳои тухмипарварӣ мебошад.
Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа, картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи "Кроне" ва "Галла" аз Ҷумҳурии Белоруссия ворид гардида, ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда,  таъми хуб дорад.
Ба ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, вилояти Хатлон ва водии Рашт ба миқдори муайян чунин тухмиҳои хушсифати картошка ва нуриҳои минералӣ тавассути корвони мошинҳо фиристода шуд.
– Минбаъд хоҷагиҳои тухмипарварии ВМКБ ниёз ба воридоти картошкаи тухмӣ аз хориҷи мамлакат надоранд ва баъди  75-100 рӯзи кишти тухмӣ ҳосили репродуксияи якумро мегиранд, – иброз дошт Шералӣ Сафаров ҳамоҳангсози компоненти якуми лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон». 
Дар ҷараёни тақсимот мутахассисони Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба тарзи кишти картошкаи тухмӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ, инчунин, риояи агротехникаи парвариши он  маслиҳатҳои муфид доданд.

Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив