ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ РӮШАНТАР ХОҲАД БУД

РАШТ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ РӮШАНТАР ХОҲАД БУД

04 май 2023, Панҷшанбе
11
0

 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон фаъолияташро густурда намудааст. 
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раиси ноҳия бо назардошти таҳлили натиҷаҳои кории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар се моҳи аввали соли 2023 андешаҳояшро ба хабарнигори рӯзнома чунин баён дошт:
- Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) ба андозаи 104 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 21 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, 22 миллиону 555 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 804,8 ҳазор сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2  миллиону 892 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар се моҳи соли 2023 аз ҳисоби  даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 108 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 8 миллиону 250 ҳазор сомонӣ, 8  миллиону 999 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 648,7  ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2022  ба маблағи 660  ҳазор  сомонӣ бештар аст. 
Зикр бояд кард, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ)  ба ҷойи 10  миллиону 200 ҳазор сомонии нақша, 10 миллиону 740 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 105,3 дарсади дурнаморо ташкил дода, аз нақша 540,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” амалисозии лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” идома дошта, дар давоми солҳои гузашта 365 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА таъмин гардида, сохтмони 11 хатти оби ошомиданӣ идома доранд. 
Аз ҷониби Ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” сохтмони бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22, деҳаи Ҳоит ва № 39, деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод  идома доранд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки осиёии рушд  бинои маркази модару кӯдак ва таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия оғоз гардида, сохтмонашон идома дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  22 миллиону 417,7 ҳазор  сомониро ташкил намудааст, ки 2  миллиону 334,1  ҳазор  сомонӣ  ё 11,6 дарсад дар қиёс ба ҳамин муддати соли пеш зиёд мебошад. 
Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Солҳои рушди саноат  эълон намудани солҳои 2022-2026 нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21, аз ҷумла дар соли 2023, таъсиси 5 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст. 
Шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба 20 адад расонда шудааст, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона зиёд мебошад. 
Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии корхонаи коркарди қуму шағал дар шаҳраки Навобод, коргоҳи мебелбарорӣ ва истеҳсоли сафолакҳо дар маҳаллаи “Сомониён”, коргоҳи истеҳсоли макарон дар назди корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм ва коргоҳи истеҳсоли хишти сабук (газоблок) дар маҳаллаи Сари Пул ба анҷом расонда  шаванд.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шудааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо бунёди  корхонаҳои гуногун дар назар аст. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод  мегардад.
Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бахусус рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани руҳияи мардум ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори раиси ноҳия тасдиқ карда шуд, ки тибқи он бо ҷалби бештари мардум ва соҳибкорону сармоягузорон сохта, ба истифода супоридани 203 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуд. 
Як нукта боси зикр аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша аз шумораи умумии 203 иншоот 145 иншооти таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки 72 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бо мақсади ба воситаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар маҳалҳо ҷойдошта, аз ҷумла бештар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дошта, дар ин замина 72 адад иншооти иловагии бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба ҳисоб гирифта шуданд.       
Ҷиҳати  риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулон ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт  лоиҳаи иншоотҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он амалӣ карда мешаванд. 
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони бинову иншоот дар маркази ноҳия тибқи нақшаи генералӣ, бо назардошти биноҳои истиқоматии баландошёна ва бо ба инобат гирифтани  талабот дар маҳалҳо сохтмони муассисаи таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсионӣ  роҳандозӣ мешаванд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив