ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаҳон дар як сатр

Ҷаҳон дар як сатр

01 феврал 2023, Чоршанбе
42
0


Известия. Президенти Амрико Ҷо Байден зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тағйирёбии иқлим барои тамоми инсоният назар ба ҷанги ҳастаӣ  бештар хатарнок аст.  

Мир24. Хадамоти матбуоти Агентии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар Telegram хабар додааст, ки Ӯзбекистон ва Қазоқистон муҳлати будубоши мутақобилаи шаҳрвандони худро дар ҳудуди ду кишвар аз 5 то 30 рӯз зиёд карданд. 

Мир 24. Бино ба иттилои портали Gun Violence Archive, ки омор ҷамъоварӣ мекунад,  аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар Амрико 1541 нафар дар ҳодисаҳои марбут ба истифода аз силоҳи оташфишон ҷон бохтааст. Дар маҷмуъ, дар кишвар 51 ҳодисаи тирпарронии оммавӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мир 24. Бино ба гузориши рӯзномаи “Global Times”, биологҳои чинӣ бори аввал як зоти гови сермаҳсули ҳолштейниро шабеҳсозӣ (клон) карданд, ки қодир аст дар як сол 18 тонна шир диҳад.

ТАСС. Норвегия муътақид аст, ки бояд робитаҳояшро бо Россия ҳифз намояд.  "Мо наметавонем ҷуғрофиёи худро тағйир диҳем. Россия ҳамсояи Норвегия аст. Мо бояд тамосҳои муайянеро нигоҳ дорем, то хатари нофаҳмӣ ва тезутундшавии ғайримунтазир дар Арктикаро ба ҳадди ақал бирасонем", – гуфт вазири корҳои  хориҷии Норвегия Анникен Ҳюитфелдт.

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив