ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲИТИ ЗИСТ.  ПИРЯХҲОИ САЙЁРАРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

МУҲИТИ ЗИСТ.  ПИРЯХҲОИ САЙЁРАРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

04 май 2023, Панҷшанбе
28
0


Боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми кишвари моро дар соҳаи об бо қатъномаи махсус тасдиқ кард.  Тибқи ин қатънома соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март –  Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Воқеан, ҷараёни босуръати  обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд                                       шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва  таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани  иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ҳамгироии давлатҳо, иштирок дар кори созмонҳои байналмилалӣ, ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устувории пиряхҳо, дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдори об ва захираҳои онро дар ҳавзу дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.  Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70 – 80 соли охир пиряхи  Федченко бештар аз як километр коҳиш ёфта, масоҳаташ то 44 километри мураббаъ кам гардидааст. Бояд зикр кард, ки 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол менамоянд. Обшави и босуръати онҳо дар натиҷаи гармшавии иқлим, зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. 
Мувофиқи арзёбии коршиносон,  тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар тамоми давраи тадқиқот, сар карда аз соли 1930 (якумин ченкуниҳо бо асбобҳо), тахминан сеяки масоҳати умумии яхбастаи ҷумҳурӣ ихтисор шудааст. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асосии оби дарёҳо ба ҳисоб мераванд, ҳамасола ба ҳисоби миёна 0,6 – 0,8 дарсад масоҳати яхбаста ва 0,1 дарсад ҳаҷми худро талаф дода истодаанд. Дар тули ду-се даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 пирях пурра об шудааст. Пиряхи Федченко, ки калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар  Тоҷикистон  аст, ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам аз рӯйи масоҳат сол ба сол кам мешавад. Тавре тадқиқотҳои масофавӣ нишон медиҳанд, аз соли 1966 то соли 2000 масоҳати системаи пиряхи Федченко ба миқдори 44 км2 (6%) ихтисор гаштааст.   
Тадқиқотҳои яхшиносии тобистони соли 2006 гузарондашуда, нишон доданд, ки дар ҳолати ҳозира ақибнишинии забонаи пиряхи Федченко дар як сол ба 16 метр баробар буда, аз солҳои 30-юми асри гузашта, яъне аз давраҳои аввали тадқиқот то имрӯз бештар аз 1 км ақибнишинӣ кардааст. Сатҳи пирях дар қисмати поёнии он нисбат ба сатҳи соли 1980-ум 50 метр паст гардидааст. Чунин ҳолати таназзулёбӣ дар дигар пиряхҳои Тоҷикистон низ, мушоҳида   мешавад. Яке аз пиряхшиносони маъруфи Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов гуфтааст: “Таҳқиқоти соли 2021 нишон дод, ки обшавии пиряхҳои кишвар, як сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ суръат гирифтааст”. Маркази омӯзиши пиряхҳо  соли 2021 дар кӯҳистонҳои кишвар 11 экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ анҷом дод ва маълум шудааст, ки пиряхҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта зудтар об мешаванду ақибнишинӣ мекунанд. Ӯ мисол овардааст, ки ҳавзҳои болои пиряхи Биралмос дар ноҳияи Лахш пештар се ё чаҳор сол як бор пиряхҳоро рахна карда ҷорӣ мешуданд, аммо танҳо дар соли 2021 се маротиба рахна шуданд. 
Мушоҳидаҳои яхшиносони Швейтсария низ нишон медиҳанд, ки пиряхҳои қисмати швейтсарии кӯҳи Алп бошиддат об шуда, торафт таназзулёбии онҳо меафзояд ва мувофиқи пешгӯии онҳо баъди 80 сол бештар аз 80 дарсади ҳаҷми ин пиряхҳо метавонанд нобуд шаванд. 
Яке аз чунин ҳодисаи табиӣ, ки олимонро ба ташвиш оварда аст, ин обшавии яхпораи “Pine Island”  дар Антарктида мебошад. Як гурӯҳ олимон аз Университети Лидс натиҷаи таҳқиқотҳои худро дар маҷаллаи “Geophysial Research Lettrs” чоп намуданд, ки мувофиқи он яхпораи аз ҳама азим дар Антарктида бо суръати баланд об мешавад.  Агар ба маълумоти солҳои пеш назар андозем, дар як сол обшавии он 16 метр қайд шуда буд, аммо мувофиқи маълумоти ҳозира то 90 метр ба об фурӯ рафтааст.  Камшавӣ ва ғарқшавии пиряхҳо дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ҳам мушоҳида мешавад. Олимон мегӯянд, ки 40-50 соли наздик уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ аз рӯйпӯши яхин озод мешавад. Ба ғайр аз ин, пиряхҳои аз ҳама кӯҳи баландтарин – Ҳимолой бо суръати баланд об шуда истодаанд. Агар дар оянда чунин раванд идома ёбад, то соли 2060-ум қисми зиёди пиряхҳояш об ва дар соли 2100 пурра нест мешаванд. 
Замоне фаро расидааст, ки дарк намоем, ҳар қадар инсон аз суботи ҳақиқат дур мешавад, ҳамон қадар ба мушкилиҳои гуногун дучор мегардад. Муносибатҳои нодуруст ба табиат дар пайи таъмини эҳтиёҷоти худ инсониятро бо чунин мушкилиҳои ҷаҳонӣ дучор намудааст. Тағйирёбии  иқлим мисоли равшанест, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми худро дар самти  кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.

Р. А. СУЛТОНОВА,
мудири шуъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳои 
Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив