ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ.  ҲАМКОРИҲО БО РОССИЯ САМАРОВАРАНД

МАОРИФ.  ҲАМКОРИҲО БО РОССИЯ САМАРОВАРАНД

04 май 2023, Панҷшанбе
32
0


Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуруъ аз соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагон ва татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 195 омӯзгор аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омада, дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Ляля Бакирова аз шумораи омӯзгоронест, ки соли 2019 ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ 4 сол аст, ки дар Мактаби президентии Данғара барои кӯдакони болаёқат дарс мегӯяд. Сабаби давом додани фаъолияташро дар Тоҷикистон ба хонандагони боистеъдод ва ҳайати хуби омӯзгорӣ иртибот медиҳад. Мушкилоти донишандӯзии талабагонро бошад, ислоҳшаванда мепиндорад.
– Ин муассисаи таълимӣ ба ман хеле писанд аст, хонандагонаш қобилиятнок буда, забони русиро бо шавқу завқ меомӯзанд. Барои омӯзондани шогирдон ба ғайр аз дарсҳои иловагӣ боз маҳфилҳо роҳандозӣ шудаанд. Кӯшиши шогирдон маро водор месозад, ки фаъолияти худро тақвият бахшам. Алҳол бештари хонандагон забони русиро пурра намедонанд, вале дар омӯзиши он майлу рағбати зиёд доранд. Бояд гуфт, ки теъдоди хонандагони мактаби мо ҳар сол меафзояд. Дар 3-4 моҳ бо ширкат дар дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳо забони русиро аз худ мекунанд.
Чизи муҳим он аст, ки мардуми маҳаллӣ хеле меҳрубонанд. Ҳар боре корам афтад, кӯшиш мекунанд ба ман ёрӣ расонанд, - мегӯяд Л. Бакирова.
Меҳринисо Шералиева, муовини директори Мактаби президентӣ зикр кард, ки бо омадани муаллимон аз Россия самаранокии иштироки хонандагон дар озмунҳои фанни забони русӣ афзуда, шумораи дохилшавандагон ба донишгоҳҳои Россия зиёд гардид.
–  Ҳоло дар мактаби мо ду омӯзгор – Ляля Бакирова бо собиқаи чорсола ва омӯзгори ҷавон Анастасия Лукина, ки муддати як сол фаъолият дорад, кор мекунанд. Пеш аз ин, муддати панҷ сол Айман Амирҳамзаева ба хонандагони мо таълим медод. Ӯ нахустин омӯзгорест, ки тавассути барнома ба мактаби мо омад. Ба омӯзиши забони русӣ навгониҳо ворид кард, дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳояш шавқовар мегузаштанд. Соли аввал тавонист барои иштирок дар озмунҳо шогирд омода созад. Дастпарваронаш ҷойҳои намоёнро дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ишғол мекарданд. Соли гузашта 8 шогирди муаллима дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 2 медали тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифта, 18 нафари дигар ба донишгоҳҳои Россия дохил шуданд.
Айман Амирҳамзаева ҳоло дар Литсейи № 1 - и вилояти Суғд  фаъолият дорад. Тули фаъолияташ ба Мактаби мо 2 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ овард.
Меҳрона Абдуғаффорова, хонандаи Мактаби мазкур, шуруъ аз соли 2017 дар озмуни фанни забони русӣ иштирок мекунад. Сабаби асосии ғолибияташро ба  Айман Амирҳамзаева пайванд медиҳад. Ӯ бо дастгирии ин омӯзгор соҳиби 8 медал аз озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гаштааст.
–  Солҳои пеш, – гуфт ӯ, – дар олимпиадаҳо иштирок мекардем, аммо имтиёзи баланд гирифтан бароямон мушкил буд, зеро талаботи озмун бароямон мушкилӣ мекарданд. Бо омадани муаллима мо роҳи ҳалли ин гуна машқҳоро ёфтем. Инчунин, ӯ ба мо аз Федератсияи Россия китоб меовард, ки барои азхудкунии забон мадад мерасонд. Бо мадади устод тавонистам якумин медали худро дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба даст орам. Имсол низ кӯшиш дорам дар озмун ғолиб гардам.
Динора Алишерова низ, сабаби комёбиҳояшро дар тарзи  сабақдиҳии омӯзгори рус мебинад. Ӯ соҳиби ду медал аз озмунҳои вилоятӣ ва як медали тилло аз озмуни ҷумҳуриявӣ мебошад.
– Муаллима ҳамарӯза як тести нав меовард. Онҳо хеле мушкил буданд, аммо бо кор кардани онҳо фаҳмишамон зиёд мегардид. Аз ҳама муҳим, маҳз ин гуна тестҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ истифода мешуданд ва мо, ки бо онҳо шинос будем, ҳаллашон мушкил набуд. 
Ляля Бакирова гуфт, ки шогирдонаш дар  озмунҳо бо хонандагоне дар сабқат ҳастанд, ки забони русӣ барои онҳо забони модарӣ аст, гарчанде ки дар мактабҳои забони таҳсилаш тоҷикӣ мехонанд. Ҳамзамон, супоришу машқҳое, ки дар олимпиада пешниҳод мешуданд, ягон алоқамандие бо барномаи омӯзишии забони русӣ дар Тоҷикистон надоранд. Ва омӯзгор маҷбур аст онҳоро ба барномаи русӣ одат кунонда, бо маводи китобҳои русӣ ва тестҳое кор мебаранд, ки  гоҳе аз Тоҷикистон ва гоҳи дигар аз Россия дастрас мекунанд. 
Омӯзгори фанни забони русӣ аз дастгирии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки барои зиндагии хуб дар ин мамлакат танқисӣ намекашад. Лоиҳае, ки тибқи он омӯзгор ба Тоҷикистон омадааст, аз соли 2017 фаъолият дорад. Ҳам тарафи Тоҷикистон ва ҳам тарафи Россия ӯро мададгоранд. Чун барнома аз тарафи Шурои Федератсияи Думаи давлатии Россия дастгирӣ ёфтааст ва Раиси Шурои Федератсия Валентина Матвиенко бо онҳо ҳамеша дар робита аст. 
Ҳамчунин, Ляля Бакирова иброз дошт, ки ҳамаи муаллимони бо ӯ чор сол қабл ба Тоҷикистон омада низ, аз зиндагӣ ва фаъолияти хеш қаноатманд буда, ба ин мамлакат дил бохтанд.
Воқеан, фаъолияти ин муаллимон дар раванди баланд бардоштани забондонии хонандагон дар ҳоли рушд аст. Роҳбарият ва таълимгирандагони муассисаҳое, ки омӯзгорони Россия дар онҳо фаъолият доранд, аз онҳо розӣ ҳастанд. Соли 2022 боз панҷоҳ омӯзгор ба ҷумҳурӣ омад, ки ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд. 

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив