ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

10 май 2023, Чоршанбе
5
0

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941– 1945 ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оваданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив