БОКС

01 феврал 2023, Чоршанбе
27
0



Баҳодур ғалабаи чорумашро ба даст овард
Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷик (4-0), дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions бо накаути техникӣ бар Дмитрий Хасиеви рус (12-5-2) зафар ёфт, ки чорумин ғалабаи ӯ дар бокси ҳирфаист. 
Варзишгари тоҷик пас аз ғалаба чунин гуфт: “Дар баробари ҳарифи пуртаҷрибаам набарди хуб нишон додам ва ӯ аз идомаи рақобат даст кашид. Ин бокс аст, ин хел корҳо мешаванд”.  
- Дмитрий Хасиев муштзани хуб аст, аммо сатҳи омодагии Баҳодур беҳтар буд. Аз нигоҳи синну сол низ бартарии Баҳодур эҳсос мегардид. Ин чорумин набарди мо дар бокси касбист. Дар пеш Бозиҳои олимпии Париж – 2024 аст, ки мо ба он омодагӣ дида истодаем, - иброз дошт Мирзо Шамсиев, мураббии Баҳодур.   


ТЕННИС 
Ҷокович ва Соболенко ғолибони Australian Open
Теннисбози сербӣ Новак Ҷокович пас аз пирӯзӣ дар финали Чемпионати кушоди Австралия (Australian Open) бар Стефанос Ситсипас (Юнон) бо ҳисоби 3:0 (6:3, 7:6 (7:4), 7:6 (7:5)) бори 10-ум ғолиби ин мусобиқа шуд. Қаблан, ӯ солҳои 2008, 2011, 2012, 2013, 2015, 2016, 2019, 2020 ва 2021 дар Australian Open зафар ёфта буд. 
Ҳамин тавр, Ҷокович маротибаи 22-юм ғолиби мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” гардида, аз рӯи ин нишондод ба Рафаэл Надал (Испания) баробар шуд. 
Гузашта аз ин, теннисбози сербӣ дар радабандии АТР бо 7070 хол ба садри ҷадвал баромад.
Миёни бонувон дар Australian Open пирӯзӣ насиби Арина Соболенко (Беларус) гашт. Ӯ дар финал бо натиҷаи 4:6, 6:3, 6:4 Елена Рибакинаро шикаст дод. 


ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023
Футзалбозбонувони тоҷик ҷойи сеюмро гирифтанд
Тими миллии Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон (25-30 январ, Тошкент, Ӯзбекистон)  мақоми сеюмро касб кард.
Тибқи иттилои сомонаи CAFA, мунтахаби Эрон ғолиби мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби мизбонон шуд. 
Футзалбозбонувони мо дар ду вохӯрӣ аз тимҳои Ӯзбекистон (1:7) ва Эрон (0:16) шикаст хӯрда, мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуданд.
Пас аз натиҷагирии чемпионат, ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. 

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив