ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРМАНД. БОБОИ ХУДОЙҚУЛ ДУШМАНРО ДАР ЛОНААШ САРКӮБ КАРД 

ЗАФАРМАНД. БОБОИ ХУДОЙҚУЛ ДУШМАНРО ДАР ЛОНААШ САРКӮБ КАРД 

10 май 2023, Чоршанбе
17
0

 
Роҳи тайкардаи бобои Худойқул Раҳматов масири ифтихору шараф буда, дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин зафарманд 16 марти соли 1926 дар деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Давраи бачагиаш дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи деҳааш паси сар шуд. 
– Вақте ки ҷанги хонумонсӯз оғоз ёфт, ҳамагӣ 15 сол доштам. Барои хизмати ҳарбӣ солам намерасид, – ба хотир меорад бобои Худойқул.  
Лек дар ақибгоҳ медидам, ки модарону бобоёни мо он рӯзҳои вазнинро чӣ тавр паси сар мекунанд. Шиори ҳамаи мо чунин буд: «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!». Хурду бузург дар ғами падару бародарони баҷанграфта буданд. Худ намехӯрданд ва намепӯшиданду ҳамаро ба фронт мефиристоданд. Шабу рӯз, баҳору зимистон, дар гармову сармо меҳнат мекарданд, ҳосил мерӯёнданду пайи таъмини вазъи иқтисодиву иҷтимоии фронт буданд.
Худойқул низ, қатори калонсолон заҳмат мекашид, то дар таъмини ғалаба саҳме дошта бошад. Бештар аз ин, интизор буд, ки кай ӯро ба ҷанг даъват мекунанду аз душмани ғаддор қасоси ҳазорон бародарони ҷавонмарги хешро мегирад. 
Он рӯз ҳам омад: қатори наваскарони дигар ӯро низ, ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Худойқул ва дигар рафиқонаш аввал пиёдаву сипас, тавассути қатора ба шаҳри Самарқанд омаданд. Дар қисми ҳарбии ин шаҳр қариб се моҳ тайёрии ҳарбӣ диданд, таҷриба омӯхтанду ба аскарони ҳақиқӣ табдил ёфтанд, барои ҳифзи Ватани азиз ҳамаҷониба омода шуданд.
Сипас, қаҳрамони мо ба шаҳри Москва фиристода мешавад. Роҳи ҷангии ӯ дар ҳайати Фронти якуми Белоруссия оғоз мегардад. Дар муҳорибаҳои хунини ин кишвари ҷафодида ширкат варзида, баҳри дифои Ватан ва аз қадами шуми фашистони хунхор озод намудани он ба Эстония, Латвия, Литва ва ниҳоят то Германия рафтааст.
Рӯзи беназири Ғалабаро дар шаҳри Берлин бо чашмони ашкбор, ашки шодиву сурур ҳамроҳи  ҳамяроқони зиндамондааш пешвоз гирифт.
– То имрӯз он лаҳзаҳои нотакрорро пеши назар меорам, –  мегӯяд бобои Худойқул. – Аз ҳама лаҳзаҳои пурсурури зиндагиам буданд, он рӯзҳо. Бовар доштем, ки он рӯз, яъне Рӯзи Ғалаба наздик асту мо низ, рӯзе гули мақсуд рӯйи каф хоҳем овард ва расидем ба он рӯз, – медурахшад чашмони бобои Худойқул. – Ғалабаро ба даст овардем, бо рӯйи сурху сари баланд ва дили шод ба зодгоҳ баргаштем. 
Худойқул Раҳматов соли 1950 ба зодгоҳаш омад. Боз ба касби чорводорӣ машғул шуд. Бо як ҷаҳон орзуву умед пайвандонаш ӯро бо ҳамдеҳааш Обида Турсунова хонадор намуданд. Имрӯз ӯ соҳиби се фарзанд ва 23 набераву 17 абера аст. Аз дидору суҳбати ин пири хирад, насиҳату нишондодҳояш ҳамаи онҳо баҳра мебаранд. Набераҳои кунҷков пайваста дар гирди бобо ҷамъ мешаванду аз ӯ  хоҳиш мекунанд, ки корнамоиҳои ҷангиашро нақл намояд.
Ба  хотир овардани он муҳорибаҳои хунину ҷангҳои шадид, аз даст додани рафиқони ҳамяроқ басо душвор аст. Лек, бобо барои дар руҳияи ҷасуриву меҳанпарастӣ тарбия ёфтани наберагонаш нақлҳои аҷиб мекунад.

Зафар МАМАДҶОНОВ, раиси шурои собиқадорони ноҳияи Ашт

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив