ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ НУР. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОРАК, КИ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

ШАҲРИ НУР. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОРАК, КИ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

10 май 2023, Чоршанбе
19
0

 
– Ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми нурофари Норак, симои шаҳр бо куллӣ тағйир ёфта, пешрафти босуботи иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузург таъмин гардид, ки ҳамаи ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода дар бораи ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семоҳаи аввали соли 2023 бо хабарнигори «Ҷумҳурият» мухтасаран чунин гуфт: 
- Соли равон ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкорони шаҳр бо маблағгузории мустақим 5 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли хишти пухта, шарбати анор, гӯшти паранда, молҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли орд, ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар корхонаи истеҳсоли хишти пухта дастгоҳҳои зарурӣ насб гардида, корҳои ҳамворнамоӣ идома доранд.
То имрӯз дар шаҳр 19 корхонаи истеҳсолӣ бо 1807 корманд фаъолият менамояд. Фаъолияти корхонаҳо ба истеҳсоли неруи барқ, таҷҳизоти металлӣ барои сохтмони НБО «Роғун», масолеҳи сохтмонӣ,  истеҳсоли гӯшти паранда, обҳои ташнагишикан ва ғайра равона шудааст.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2023 ба маблағи 426,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,8 фоиз ё ин, ки 76,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе назардошти неругоҳҳои барқи обии «Норак»-у «Бойғозӣ» 136 фоиз ё 34,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 9,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон 7 иншоот ба маблағи 1793,3 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, терминали хизматрасонии «Бурс», бозор дар минтақаи манзилии №4, майдони варзишии марказӣ, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Сари Боло, 5 бинои 4-ошёна дар маҳаллаи Дуконӣ, 2 бинои 7-ошёна дар минтақаи манзилии №1 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо суръат  идома доранд. Корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбӣ дар арафаи анҷомёбист.
Сохтмону азнавсозии бинои беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ дар маҳаллаи Лангар, 6 нуқтаи савдою хизматрасонӣ ва хатти оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи БАТР идома доранд. Дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 19 хонаи истиқоматӣ ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар  бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 январи соли 2022, № 311 ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар асоси он гурӯҳи корӣ дар доираи 49 нафар таъсис дод. Дар асоси нақша-чорабинӣ оид ба таъмиру азнавсозӣ, бунёди иншоотҳо ба ҳолати имрӯза 180 иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 табобатӣ, 5 варзишӣ, 2 фарҳангӣ, 20 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасониву маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва савдо ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар 8  бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, ҳуҷҷатгузории онҳо дар баррасии комиссияи давлатӣ қарор дорад.
Шаҳри Норак бар замми шаҳри саноатӣ буданаш, боз дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 15,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 110,8 фоиз ё 1,5 миллион  сомонӣ зиёд аст. Бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии ҳар ваҷаб замин ва таъмини саривақтии дурнамои пешбинигардида, ба ҳолати имрӯза дар майдони  386 гектар ғалладонагиҳо, 16 гектар зироатҳои техникӣ, 23 гектар сабзавот, 17 гектар картошка, 5 гектар полизӣ ва 48 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт  шуда, ба истиснои нақшаи кишти сабзавот, полизӣ ва ҷуворимакка барои дон дурнамои пешбинигардида 96,3 фоиз таъмин гашта, рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив