ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

10 май 2023, Чоршанбе
4
0


“Равшан” – барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023
Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор (9 200 мухлис) доир шуд, “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, бори дуюм барандаи Суперҷом (маротибаи аввал соли 2013) гашт. 
Тибқи иттилои ЛФТ, голи ғалабаоварро Амирҷон Сафаров (дақ. 7) зад. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ дарвозабони “Равшан” – Евгений Гритсенко эътироф гардид. 


«Наполи» – қаҳрамони Италия 
Панҷ давр қабл аз анҷоми Чемпионати Италия оид ба футбол (Серия А) “Наполи” зери роҳбарии Лучано  Спаллетти чемпион гардид. 
Бори охир “неаполитонҳо” дар мавсими 1989/1990 қаҳрамон шуда буданд. 


Дастаи Черчесов боз дар Маҷористон беҳтарин шуд
«Ферентсварош», ки сармураббии он мутахассиси 59-солаи рус Станислав Черчесов мебошад, қаҳрамони Маҷористон дар мавсими 2022/23 гашт. 
Бар пояи иттилои сомонаи sport-express.ru, коршиноси Россия бори дуюм унвони чемпиониро ба даст овард. Дар умум, ин 34-ум ҷоизаи «Ферентсварош» ба ҳисоб меравад. 


Дурахши Муҳаммад дар Abu Dhabi Grand Slam AJP Ture 
Паҳлавони навраси тоҷик Муҳаммад Соҳибзода зери вазни 42 кг дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam AJP Ture оид ба ҷиу-ҷитсу нишони тилло ба даст овард. 
Тибқи маълумоти ТВ “Варзиш”, Муҳаммад бар ду намояндаи кишвари мизбон пирӯз гаштааст. 


MUTUA MADRID OPEN 
Алкарас ва Арина ғолибони мусобиқа 
Карлос Алкарас (Испания), ракеткаи дуюми ҷаҳон дар финали мусобиқаи ATP  Mutua Madrid Open  Ян-Леннард Штруффи олмониро (ракеткаи 65) бо ҳисоби 2:1 (6:4, 3:6, 6:3) шикаст дода, унвони қаҳрамониашро ҳифз кард. 
Тавре сомонаи championat.com хабар медиҳад, миёни бонувон Арина Соболенко (Беларус) бо мағлуб кардани ракеткаи якуми ҷаҳон – Ига Швентек (Лаҳистон) ғолиби нерусанҷӣ шуд. 

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив