ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРНОМАҲО ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД

КОРНОМАҲО ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД

10 май 2023, Чоршанбе
18
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар  чунин зикр намудаанд: “Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем”. Ҳамчунин,  Роҳбари давлат борҳо дар суханрониҳои пурмуҳтавояшон дар хусуси  қаҳрамонии  падару бобоён, фарзандони барӯманди халқи тоҷик дар солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шудаанд. Дар ҳаққи   ҷанговарони куҳансол то дами дар қайди ҳаёт буданашон  ғамхории ҳаматарафа  зоҳир мегардад ва барояшон зиндагии шоиста муҳайё  карда шудааст.
Дар арафаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм бо Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ ҳамсуҳбат гардидем. Ӯ иброз дошт, ки солҳои мудҳиши  Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хотир овардан на танҳо барои насли он солҳо, ки ҳоло ангуштшумор мондаанд ва  собиқадорони ин набардҳо, сад афсус, ки дар ноҳияи Ванҷ  дар қайди ҳаёт намондаанд, балки барои ҷавонону наврасон, ки даҳшатҳои онро танҳо аз саҳифаҳои китобу рӯзномаҳо, кинофилмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва  аз нақли собиқадорони ҷангу меҳнат ва муаллимонашон  шунидаанд, хеле гарон ва ғамангез аст. Бояд гузаштаро мо фаромӯш насозем. Ба  диловариву шуҷоати  ҷанговарони  майдонҳои набард ва фотеҳони ақибгоҳ, ки бо ҷонфидоӣ ва заҳмати худ рӯзи ғалабаро наздик менамуданд, арҷгузорӣ намоем ва онҳоро азизу гиромӣ бидорем.
Таърих гувоҳ аст, дар ин ҷанги хонумонсӯз, ки  башарият хеле кам онро ёд дорад, аз ноҳияи Ванҷ, солҳои чилуми қарни гузашта чандон аҳолии  зиёде  надошт, бештар аз 140 нафар ҷавон, аксарияташон ба таври ихтиёрӣ  ба ҷабҳа рафтанд. Фарзандони сарсупурдаи  ин диёр низ, дар қатори 300 ҳазор   сарбозу афсари Тоҷикистон аз рӯзҳои  нахустини ҷанг сар карда, дар  муҳорибаҳои пуршиддат ва хунин бо мақсади аз даромадгоҳи пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ, шаҳри Москва дур партофтани фашистон ширкат доштанд. Ҳамчунин, дар  набардҳо  дар Сталинград, Камонаки Курск, Новороссийск, Керч, Ленинград, инчунин, саросар  озодсозии шаҳру навоҳӣ ва  деҳоти Федератсияи  Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Молдова, кишварҳои   назди Балтика ва  мамолики  Аврупо то лонаи  фашизм, шаҳри  Берлин далерона  ширкат намуданд. Баъзе аз ҷанговарони ванҷӣ дар  торумор кардани армияи квантунии Япония низ, ширкати фаъол доштанд. Сад афсӯс, ки қисми зиёдашон дар ин набардҳо ҳалок шуданд. Чанд нафарашон бо ҷароҳатҳои вазнин ба Тоҷикистон, ба зодгоҳ баргаштанд ва ба меҳнати осоишта  машғул шуданд. 
Дар ҳамон солҳои вазнин кулли марду занҳои қобили меҳнат дар корхонаҳо, колхозҳо ва артелҳо диловарона заҳмат мекашиданд. Бо шиками гурусна ва бо либоси куҳнаву дарида мегаштанд, вале дороии худро бо шиори «Ҳама чиз ба фронт, барои Ғалаба бар фашизм» ба ҷабҳа мефиристоданд. Алалхусус, мардону  занони куҳансол ва ҷавонони то синни ҳаждаҳсола  шуҷоати баланди меҳнатӣ нишон медоданд. Бонувон ба ҷойи мардони бафронтрафта раисии колхозҳо, сарварии бригада, ферма ва идораву муассисаҳоро ба ҷо меоварданд. Бо заҳмати шабонарӯзиашон  Рӯзи Ғалабаро дар ҷодаҳои кӯҳистони дурдасти Бадахшон  низ, наздиктар мегардонданд.
– Баъди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  собиқадорони  ҷанг ва меҳнат  ба  ғамхориҳои  рӯзафзун  фаро  гирифта  шуда,  ин  родмардон – муҳофизони Ватан – Модар гули сари сабади аҳли ҷомеа буданд, – афзуд Одинашо Мардзода. – Махсусан, дар 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи ҷанговарони куҳансол ғамхориҳои ҳамаҷониба зоҳир намуда, онҳо ҳамасола бо туҳфаҳои молию пулӣ қадр мегарданд. Баҳри беҳтар шудани шароити зиндагии ин пирони корозмудаи набардҳо  тадбирҳо андешида  мешаванд. Аз  ҷумла, дар ин давра  аз ҷониби Сарвари давлат ба собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷангӣ Беков калиди манзили истиқоматӣ дар шаҳраки Ваҳдат супурда шуд.
Мо, аз он ифтихор дорем, ки дар ин Рӯзи Ғалаба  чанд тан аз ҷанговарони башардӯст  ва, инчунин, собиқадорони ақибгоҳ  якҷо ин рӯзи пурарзишро таҷлил менамоем. Онҳо гули сари сабади  маҳфилу ҷамъомадҳоанд.  Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҷавонони диёри Ванҷ  анъанаи пуршарафи  падару бобоёни шуҳратмандашонро, ки сина сипар карда, ба муқобили душманон ҷангидаанд, содиқона  ба ҷо меоранд.  Ҳама вақт омодаанд, ки марзу буми  кишвари  азизро   чун гавҳараки чашм  муҳофизат намоянд. Имсол низ, дар қатори дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як рӯз   иҷро шудани нақшаи   даъвати баҳории  наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.
                                          
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив