ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. 37 ЗАФАРМАНДИ ТОҶИК ИМСОЛ 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБАРО ҶАШН МЕГИРАД

ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. 37 ЗАФАРМАНДИ ТОҶИК ИМСОЛ 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБАРО ҶАШН МЕГИРАД

10 май 2023, Чоршанбе
31
0

  
Имсол аз анҷоми набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ки таърих назирашро ёд надорад, 78 сол сипарӣ шуд ва ҳар сол мардумони шарафманди Тоҷикистон дар радифи дигар халқу миллатҳои сулҳҷӯи олам 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо шукӯҳ таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ин сана бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои Раҳмат Қудратов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар, дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст. Солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазор дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохт. Шумораи иштирокчиёни ҶБВ соли гузашта 59 нафар, дар соли 2021-ум 98 нафар, дар соли 2020-ум 168 нафар буд. Дар се сол 131 собиқадори ҶБВ даргузашт. 
Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, имсол 111-сола мешавад – 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст. Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг 96-сола мебошад.
Бештари собиқадорон дар вилояти Хатлон 14 нафар, дар Суғд 11 нафар, дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар боқӣ мондаанд.
Корнамоиҳои бемисли шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бо ордену медалҳои зиёд қадр шудаанд. Аз ҷумла, 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд.
Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ кард, ки ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  пеш аз ҳама, бо ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон аз ҷиҳати молиявӣ ва барқарор намудани саломатии онҳо мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамоянд. 
Ба иттилои Садриддин Сайдализода, муовини раиси ноҳияи Данғара, туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин, дар умум дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ба сокини ноҳия Гул Шарифови 100-сола расонда шуд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои молиявӣ тақдим мешаванд. Дар баробари туҳфаҳои Сарвари давлат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони идораҳои марбутаи давлатӣ низ, ба иштирокчиёни ҶБВ ёрии моддӣ мерасонанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив