ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АБАДЗИНДА Ё НИШОНЕ АЗ АБДУҶАЛОЛИ ТОҶИК БАЪД АЗ 78 СОЛИ ФАРҶОМИ УМР

АБАДЗИНДА Ё НИШОНЕ АЗ АБДУҶАЛОЛИ ТОҶИК БАЪД АЗ 78 СОЛИ ФАРҶОМИ УМР

10 май 2023, Чоршанбе
9
0

 
Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари дигар ҷавонмардони рустои Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ) тағои ман Абдуҷалол низ, бо хоҳиши худ ба майдони набард меравад. Ӯ барои он, пеш аз ҳама, ба арсаи ҷанг, барои ҳимояти Ватан қадам мениҳад, ки дар айёми шуруи ин ҳодиса 27-сола буд ва дувум ин ки қаду қомати баланди паҳлавонона дошт. 

Бобои падариям Мирсаид ҳар гоҳ, ки аз тағои Абдуҷалол ёд мекардааст, мегуфтааст, ки «Ҷалол дарахтро бо решааш меканад. Худо хоҳад ӯ ба тухми душман қирон меорад». Хешу ақрабо ифтихору сарфарозӣ аз он доштанд, ки Абдуҷалоли рустамқомат дар набард пайваста зафар хоҳад ёфт…
Аз нақли модарам фаҳмидам, ки дар муддати панҷ соли ҷанг аз тағоям танҳо ду нома меояд: дар номаи аввалин ӯ бо меҳру муҳаббат падару модар, бародарону хоҳарон ва пайвандонро пурсон шуда, аз зинда буданаш дарак медиҳад. Номаи дувум бошад, хабари дар майдони разм бе ному нишон шудани тағоямро меорад. 
Нигорандаи ин сатрҳо аз тариқи интернет борҳо машғули ҷустуҷӯи иттилооти саҳеҳ дар хусуси тағои бенишонам Абдуҷалол шуда будам, ба сад сомонаи бойгониҳо даромадам, вале хабаре наёфтам. Аз он шукргузорам, ки чанд ҳафта пештар бародарзодаам Додварз Тоҳирӣ баъди ҷустуҷӯҳо далели ҳақиқиро аз поёни корномаи ҷангии тағои қаҳрамонамон– сержант, командири отряди тирандозӣ Қодиров Ҷалол дарёфт намуда, равони дилбандони рафтаро шод ва хотири пайвандони зиндаро болида гардонд. Дар варақи дастнависи дарёфткардаи Додварз Тоҳирӣ омадааст, ки тағоямон соли 1914 дар Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (маълум мешавад, ки баъди соли 1924 баробари таъсиси ҶМШСТ ба тамоми шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дода будаанд) ба дунё омада, дар колхози ба номи Молотови ноҳияи Заҳматободи вилояти Ленинободи ҳамин ҷумҳурӣ фаъолият мебурд. Дар сутунчаи «Пайванди хешовандӣ» «Падар Таиров Қодир» (дар асл Абдуқодири Миртоҳир) навишта шудааст. 
Аз санадҳои дарёфтшуда маълум гардид, ки тағоям 25 феврали соли 1945, 70-73 рӯз пеш аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти (уезди) Лиепаяи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Латвия бенишон гардидааст.
Номи ӯ дар радифи 11 нафари дар «Рӯйхати номҳои ҳайати шахсии бебозгашт гумшудагони отряди 156-уми полки нишонзании 417-уми дорои ордени Кутузов дар муддати 25-28-уми феврали соли 1945» омадааст. 
Аз ахбори сарчашмаҳо бармеояд, ки ҷанг барои озод кардани ин шаҳр то 9 майи соли 1945 давом ёфт ва фашистон ба осонӣ ин ҷоро дар ихтиёри Артиши Сурх нагузоштаанд…
Хабари дарёфти маълумоти дақиқи фарҷоми умри тағои Абдуҷалол мо, пайвандон, аз ҳама бештар модарамро ҳам шод гардонду ҳам ғамгин сохт. Аз он шод гаштем, ки паҳлавоне аз аҷдоди мо, аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон, бидуни ягон маълумоти расмии замон дар майдонҳои ҷанг рутбаи сержантӣ ба даст оварда, командири отряди тирандозӣ гардид ва дар роҳи наҷоти Ватан қаҳрамонона ҳалок шуд. Ғамгин аз онем, ки тағои Абдуҷалол то рафтан ба ҷанг хонадор нашуда, нишоне аз ӯ ба ёдгор намондааст. Падару модараш ҳам бе дидору бе дидани рӯйи гарми фарзанди худ аз дунё рафтаанд. Модари мо боз аз он бештар афсус мехӯрад, ки ягон тан аз бародаронаш ва хоҳараш манзили охирини бародари қаҳрамони худ – Абдуҷалолро надониста, аз поёни роҳи набарди ӯ бехабар аз дунё даргузаштаанд…
Бозёфти далели рӯшан аз ҳастии ибратпазири ин фарзанди далери Ватан моро ифтихор мебахшад ва сарбаланд месозад. Мо асрҳо бо сари баланд мегӯем, ки фарзандони миллати тоҷик далеронаву шуҷоатмандона барои наҷоти Ватан ҷон нисор кардаанд. 

Баҳром МИРСАИДОВ, 
номзади илмҳои филология

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив