ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ХОТИРАИ ТАЪРИХ 18 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶБВ

АЗ ХОТИРАИ ТАЪРИХ 18 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶБВ

10 май 2023, Чоршанбе
12
0

1.     Баъд аз ишғоли шаҳри Карюков фашистон дар давоми ду рӯз 1290 хонаро оташ заданд.
2.     Гитлер на Сталин, балки нотиқ Юрий Левитанро душмани худ меҳисобид.
3.     Гитлер нақша дошт дар 2 моҳ ИҶШС-ро забт намояд.
4.     11 нафар аз Тоҷикистон дар убури дарёи Днепр сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шуд.
5.     Кӯдакон низ, барои Ватан меҷангиданд. Барои хизматҳои ҷангӣ даҳҳо ҳазор бо ордену медалҳо мукофотонда шуданд, ки панҷ нафари онҳо бо мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардид.
6.     Қариб ҳамаи рӯзноманигорони дар ҷанг ширкатварзида унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро соҳиб шуданд.
7.     Бештар аз 400 адиб аз ҷанг барнагашт. 
8.     Лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст, сазовори ордени Ленин шуд.
9.     Тақрибан 1,8 миллион нафар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун асири ҳарбӣ ва ё муҳоҷир ба ҳалокат расидааст.
10.      Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин аз Тоҷикистон дар муҳорибаи Берлин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд.
11.     Барои далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемислу монанд 54 (61) нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони  Иттиҳоди Шуравӣ,  21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 60 ҳазор нафар дорандаи ордену медалҳо  шуданд.
12.     Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 6 мактаби олӣ буд.
13.     Дар солҳои аввали ҷанг 27 корхонаи саноатӣ ва таҷҳизоти онҳо аз хатти фронт ба  Тоҷикистон кӯчонда шуд.
14.     Зиёда аз 1700 шаҳри Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вайрон карда шуд, миллионҳо нафар бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
15.     Беш аз 70 ҳазор деҳа, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаи саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои Иттиҳоди Шуравӣ  хароб гардиданд.
16.     Дар давраи ҷанг олмониҳо 5 миллион метри мукааб хоки сиёҳзаминҳои Иттиҳоди Шуравиро канда ба Олмон бурданд. 
17.     Баъд аз ҷанг дар ИҶШС ҳамагӣ 127 миллион нафар аҳолӣ боқӣ монд. 
18.     Рӯзи Ғалаба нахустин маротиба соли 1965 ҷашн гирифта шуд. Аз ҳамон сол сар карда 9 май рӯзи истироҳат эълон гардид. 

Дилшод НИЁЗОВ,  
донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи 
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив