ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ПАРАСТУ-2023». «САВДО»-И МУВАФФАҚ ДАР САҲНАИ ТЕАТР

«ПАРАСТУ-2023». «САВДО»-И МУВАФФАҚ ДАР САҲНАИ ТЕАТР

10 май 2023, Чоршанбе
15
0

 
Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвора - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ҳафт рӯз идома кард. Намоишномаҳои рӯисаҳнагузоштаи ҳунармандони тоҷик ҳар кадом бо махсусият ва ҷаззобияти худ аз ҳам фарқ мекарданд, ки бисёр ҷолибу диданист. Аз ҷумла, намоишномаи «Савдо» - и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо инъикоси хуби воқеаҳои пуртазоди ҷаҳони имрӯза таваҷҷуҳи  тамошобинонро ҷалб кард. 
Дар саҳна ҳунарманди соҳибкасб ва ботаҷриба Ҷобиршо Хубоншо, актёри ҷавону соҳибистеъдод Шанбе Девлохов ва ҳунарпешаи муваффақ Надима Юсуфова нақшофарӣ карда, ботини қаҳрамонони худро ифшо карда тавонистанд. Шанбе Девлохов дар нақши асосӣ қаҳрамони худ Шюторо бо маҳорати баланд бозид. Қаҳрамон, ҳарчанд характери тағйирёбанда дошта, аз ҳунарманд зарурати дар саҳна якбора ғаму андуҳ, шодию фараҳ, хандаю гиряро тақозо намуд, ҳунарманд аз иҷрои ин нақшҳо ба хубӣ баромад. Махсусан, гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар осон набуда, аз ҷониби ин ҳунарманди ҷавон масъулияти зиёд талаб намуд. 
Ба тамошобин пешниҳод кардани характери қаҳрамони дигари асар Лямборд аз ҷониби ҳунарманд Ҷобиршо Хубоншо шоистаи таҳсин буд. Садои ғулғуладори Надима Юсуфова, ки дар баробари ҳунарнамоӣ, инчунин бо забони фаронсавӣ суруди Эдип Пиафро иҷро кард, ҳамагонро ба ҳайрат гузошт. Жанри ҳаҷв низ дар саҳна аъло ба назар расид. Ҳамин тариқ, намоиши басаҳнагузоштаи саркоргардони театр Умед Хисрав ба тамошобинон бисёр писанд омад. 
Умед Хисрав, изҳор дошт: «Намоиши «Савдо» аз рӯйи асари драматурги фаронсавӣ Мишел Фор ба саҳна гузошта шуда, ҳодисаҳои солҳои 70 - уми асри XX - ро нақл мекунад. Аз он вақт инҷониб, ки ҷаҳонро буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ фаро гирифта, қувваозмоии давлатҳо бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла қувваозмоӣ бо доштани яроқу аслиҳа ва мушакҳои атомӣ сурат мегиранд, ба саҳна овардани чунин намоиш сулҳҷӯию сулҳофаринӣ ва ором сохтани вазъи баамаломадаро инъикос мекунад. 
«Савдо» ҳам ба маънои савдою тиҷорат ва ҳам заифии руҳӣ, хаёл, орзуи ба даст овардани чизе ва ё савдоӣ шуданро ифода менамояд. Шанбе Девлохов қаҳрамони худ деҳқон Шюторо барои яқинан соҳиби мушаки атомӣ шудан моҳирона бозид. Коргардон жанри мазҳакаи психологиро интихоб кардаст. Навори видеоии дар охир пешниҳодкардаи коргардон мазмуну муҳтавои намоишро комилан таҷассум кард. 
– Ин бори аввал нест, ки аз ҷониби Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи М. Назаров намоише дар чунин сатҳ пешкаши тамошобинон мегардад. Театри мазкур ба озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамеша бо дастовези нав меояд ва намоиши «Савдо» аз зумраи онҳост, – изҳор доштанд тамошобинони театр баъд аз анҷоми намоиш. 
Умед Хисрав хуб дарк менамояд, ки бе драматургияи пурқувват ҳаёти театриро рушд додан ғайриимкон аст, аз ин рӯ ӯ пайваста кӯшиш менамояд дар дарёфти мавзуъ ва инъикоси воқеаҳо ва офаридани хислатҳои мукаммали инсонӣ муваффақ бошанд. 
Ҷобиршо Хубоншо дар навбати худ изҳор дошт, ки Ҷашнвораи – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» дар инкишоф ва рушди театри тоҷик саҳми назаррас мегузорад. Пешрафти санъати театрии кишвар, таҳияи асарҳи баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии коркардонҳо, ҳунармандон, рассомону оҳангсозон аз баргузории чунин озмунҳо вобастагии калон дорад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив