ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОШИМ ГАДО: "МЕХОҲАМ ҶАҲОН БО НОМИ ТОҶИК ИФТИХОР КУНАД"

ҲОШИМ ГАДО: "МЕХОҲАМ ҶАҲОН БО НОМИ ТОҶИК ИФТИХОР КУНАД"

11 май 2023, Панҷшанбе
37
0

 
Ҳошим Гадо, аслан, ба муаррифӣ ниёз надорад. Аммо наметавонем нагӯем ва ё нодида бигирем чи ранҷҳои зиндагиву кору эҷодро кашидаву бо азми устувор, ҷасорату матонати хос қуллаҳоро фатҳ кард. Монеаҳои табииву сохта бисёр буданд, аммо ӯ ҳамаро аз миён бардошт. Оре, касе, ғамхоре, пуштибоне надошт. Бо меҳнату истеъдоди фавқулодааш машҳуру маҳбуб гашт. Ҳанӯз ҳам, ки синнаш аз ҳаштоду панҷ гузаштааст, тан на ба пирӣ медиҳад, на мутеи фориғболӣ мешавад. 
Ҳошим Гадо худ як намоди меҳнат, саъю талош, истеъдод, омӯзишу нависандагӣ мебошад. Ӯ худ борҳо гуфтааст: «Маро ҳар касе ҳар тавре мехоҳад, бифаҳмад, баҳо бидиҳад. Ман худ медонам, ки ман киям. Мегӯям, шуҳратхоҳ нестам. Ҳама заҳмату меҳнату сарсупурдагиям ба ҳунар ба хотири муаррифии бештару беҳтари миллати азизам, тоҷикон аст. Мехоҳам дунё на ба ман, балки ба тоҷик, ба Тоҷикистон ифтихор бикунад. Мехоҳам ҷаҳон эътироф бинамояд, ки ҳунари миллии мо ба қуллаҳои баланд расидааст. Миллати мо миллати куҳанбунёд, тамаддунофар мебошад.»
Гоҳе ба хотири қонеъ шудан, бовар ҳосил намудан аз баъзе нафарон дар роҳҳо мепурсад: “Ҳошим Гадоро мешиносед?”. Чун посухи мусбат мегирад, шод мешавад. Ва боз мепурсад: “Кӣ аст, бо чӣ ӯро мешиносед?”. Ҳатман посух мегирад, ки “нақши Суҳробро дар филми “Рустам ва Суҳроб”-и Борис Кимиёгаров ба дараҷаи олӣ офаридааст.”
Посухи нафари дигар ба шодияш меафзояд. Оре, вақте мешунавад, ки “Шоҳ Эдип”-и Софоклро ба саҳнаи театр гузоштааст ва нақши марказиро худаш офаридаву барои ин барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ шудааст.”
- Дар бораи Ҳамлет чӣ медонед? – боз мепурсад.
- Аз нақшҳои дӯстдоштаи ӯ аст, – мегӯянд.
Бо қаноатмандӣ пас аз ин ҳама изҳор медорад: “Чӣ хуб аст, ки миллати огоҳ дорем ва ҳунармандонашро мешиносаду дӯст медорад.”
Шодравон Убайдулло Раҷаб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар бораи ӯ мегуфт: “Миллат вазифадор аст, ки ҳама нозу дархости Ҳошим Гадоро бо муҳаббат бипазирад, зеро ӯ саҳмашро дар рушди ҳунари он – ҳам театр ва ҳам синамо ба таври назаррас, балки олӣ гузоштааст.”
Дар гӯшаи хаёлаш ҳамон замон, ки дар мактаб таҳсил мекард, набуд, ки ҳунарпеша мешавад. Ҳама ғайричашмдошт сурат гирифт. Мактаби олии ҳунариро дар Москва хатм кард. Ман бо ӯ 15 сол пеш суҳбатро аз танҳоияш, танҳоии як эҷодкор оғоз бахшида будам. Пурсишам дар миён аз ин дубайтии аллома Муҳаммад Иқбол пайдо шуд, ки ӯ аз танҳоӣ, танҳоии эҷодкор гуфта буд:
Чу рахти хеш барбастам аз ин хок,
Ҳама гуфтанд: “Бо мо ошно буд”.
Валекин кас надонист, ин мусофир
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд.
Ҳошим Гадо изҳор дошт: “Ҳамлет аз нақшҳои дӯстдоштаи ман аст. Ман онро соли 1979 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ офаридаам. Воқеан, ӯ аз танҳоӣ ранҷ мебарад, изтироб дорад. Ҳамлети ман шаҳзодаи ҷафокаш, ҷавонмарди оташқалб, пурзӯр ва асабонӣ аст. Мехоҳад дарахти бадӣ, душманиро ҳарчи зудтар решакан кунад. Ман ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ дар студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии театрии ба номи А. В. Луначарский орзуи бозидани ин нақшро доштам. Устодам Олга Пижова як саҳнаи хурдро аз ин асар дар иҷроям дид ва ба ваҷд омад. Ҳамлет мегӯяд: 
Саволи ман ин аст: – Будан ё набудан?
Ҳошим Гадо “будан”-ро интихоб кард. Ин будан аз худгузаштанҳоро тақозо дошт ва ӯ сарафкандагиро пеши ҳама мушкилиҳо нахост.
Аз забони ин ҳунарпешаи нотакрор, аслан, нобиға мешунавем: “Ба ҳама муваффақиятҳо дар натиҷаи меҳнати вазнину сангин расидаам, миёни хурдтарин ва бузургтарин нақш ҳеҷ вақт тафовут нагузоштам, кӯшидам, ки ҳамаро дар сатҳи баланд биёфарам.
Шоҳ Эдипи ӯ, ки шуҳрати бештарро насибаш гардонд, 7 июли соли 1985 ба рӯи саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад. Аз суҳбату хотироти ӯ, аммо дармеёбем ва ин ҳақиқат маълум мешавад, ки ҳанӯз соли 1964 дар хусуси тарзи гузоштани он дар рӯи саҳна меандешидааст. 
Соли 1987 барои иҷрои ин нақши асосӣ ба гирифтани ҷоизаи давлатии ИҶШС (СССР) мушарраф шуд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ, раиси раёсати Иттифоқи ходимони театрии ИҶШС Кирилл Лавров пас аз тамошои ин намоиш гуфта буд: “Ман дар бораи актёрҳои достонзеби нақшҳои фоҷиавӣ бисёр шунидаам ва хондаам, танҳо имрӯз баъд аз тамошои “Эдип”-и Ҳошим Гадо дар саҳнаи тоҷик фоҷиазадаи бузургеро дидам. Ҳошим Гадо дар он хилқат буд. Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемирад. Театри мо намемирад, агар ҳунарманде чун Ҳошим Гадо зинда аст”.
Ҳошим Гадо нақшҳои зиёдеро дар саҳнаи театр офарида ва намоишҳои зиёдеро дар он гузоштааст. Дар чандин филмҳои кишвар ва берун аз он низ, ҳунарнамоӣ кардааст, албатта, дар сатҳи баланд ва фаромӯшношуданӣ.
Ҳошим Гадо дар тарбияи шогирдон бо таъсиси студияи актёрии худ саҳми назаррас дорад. 
Ҳошим Гадо таълиф ва нашри китобро дар кишвар ба пояи рекордиву ғайриинтизор бурд. 
Ҳошим Гадо ҳамаи унвонҳову мукофотҳои баландтаринро дар соҳаи ҳунар дар кишвар ба даст овардааст. 
Ӯ, воқеан, ифтихори ҳунари миллии мо, ифтихори миллати мо мебошад. Мо боз аз он мефахрем ва шукр мегузорем, ки ӯро мебинем, бо ӯ ҳамсуҳбат мешавем. Ҳамчунон, тандурусту дар ҳаракат аст, ҷустуҷӯ мекунад, эҷод менамояд, бо садоқат, бо муҳаббат ба миллат, ба ҳунар.

Абулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.05.2023 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив