ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН СЕРДАР БЕРДИМУҲАММЕДОВ

МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН СЕРДАР БЕРДИМУҲАММЕДОВ

12 май 2023, Ҷумъа
12
0


10 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот намуд. 
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ мубодилаи афкор карданд.


ВОХӮРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН
10 май дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов мулоқот дошт. 
Зимни он масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, дар мулоқот ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Маҷлиси Туркманистон изҳори ҳавасмандӣ шуд.


ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО СЕРДАР БЕРДИМУҲАММЕДОВ ВОХӮРД
Дирӯз, ҳамчунин, мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов доир гашт.  
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри тақвияти ин муносибатҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкории некро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Туркманистон, ба роҳ монда, бо мақсади тақвияти бештари робитаҳои байниҳукуматӣ аз имконот ва шароити мавҷуда самаранок истифода менамояд.


ФОРУМИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.
Дар он беш аз 250 нафар аз ҳар ду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, инчунин, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистону Туркманистон, иштирок намуданд.


ТАЪСИСИ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАҲОДИҲИИ ХАВФҲО ДАР БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Интизор меравад, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода шавад. 
Ин матлаб зимни вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод баррасӣ шуданд, баён гардид.


ХАТЛОН
Озмуни вилоятии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар соли 2023» ҷамъбаст гардид
Дар рафти озмун маҳсули корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо, масолеҳои сохтмонӣ, дӯзандагӣ, инчунин, дигар маҳсулоти саноатӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ба даври вилоятӣ 66 соҳибкор аз рӯи панҷ номинатсия: маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо  дархост пешниҳод намуда, барои сазовар шудан ба ҷойҳои фахрӣ байни ҳам рақобат намуданд. 

Санаи нашр: 12.05.2023 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив