ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАШМАҚОМ – ҶАҲОНИ ТОҶИКОН

ШАШМАҚОМ – ҶАҲОНИ ТОҶИКОН

12 май 2023, Ҷумъа
14
0


Шоҳасари мусиқии халқи тоҷик шашмақом ганҷи бебаҳост. Фарзандони ҳунарманду фарзонаи халқи тоҷик ин шоҳасарро ҳамчун забони ноби хеш, чун яке аз рукнҳои санъату маданият ва ҳунари худ аз сина ба сина ва аз забон ба забон то даври мо оварда расондаанд. Ҳамин аст, ки шоири номвар Гулназар месарояд: 
Ҳама давру замон дар шашмақом аст,
Ҷаҳони тоҷикон дар шашмақом аст,
Магир осон баму зери навояш,
Замину осмон дар шашмақом аст.

Оре, шаш ҷиҳат гӯё бо ҳазор савту наво дар шашмақом ҷой гирифта, таҷассум меёбад. Албатта, он аз ганҷҳои Авесто, аз сӣ лаҳни Борбад, аз таронаю уфарҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ихтирои созҳои мусиқию рисолаҳои безаволи мусиқӣ сарчашма мегирад, суфтаю сара шуда, то замони мо ба чандин тарзу усулҳо гирд гашта, омада мерасад.
Он ақли пурра, дониши мукаммал, машқҳои пайдарпай ва омӯхтану андӯхтанро талаб мекунад. Дар омӯхтани ин шоҳасар, махсусан, мактаби устодони бузургро бояд аз худ кард. Оини неки устодиву шогирдӣ мавқеи намоёнро мебозад.
Шогирдони устоддида пухтаю зирак буда, дониши фасеҳ доранд. Дар навохтани ягон сози миллӣ ва ё вобаста ба мақом устоданд. Асосан, шашмақом дар пардабандии танбӯр ҷой гирифта, тарҳрезӣ гардидааст. Сабр, таҳаммул, дарки баланди сухан касро ба шашмақом ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамсоз менамояд. Барои дарки ҳар суруд, ҳар оҳанг ақли равшану пурра ва истеъдоди шунидан лозим аст. Вақте шоир мегӯяд: 
Гӯшам ба найю рубоб бошад доим,
Майлам ба шароби ноб бошад доим.

Ин аллакай соҳибилҳом ва соҳибзавқ будани касро дар назар дорад. Вақте аз савту навои дилошӯб ба завқ меояд, маст мешавад, он шунавандаи асил, соҳиби илму фитрати баланд аст:
Дар шеваи мусиқӣ сухан бисёр аст,
Аз ҷумла вуҷуди ҳар сухан адвор аст.
Ғофил манишин зи нағмаи довудӣ,
К-ин қавл, яқин зи солики атвор аст.

Ҳар зеру бами шашмақом дар зарбҳои дил, аз беҳтарин ва пурҳаяҷонтарин лаҳзаҳо рӯ задааст. Худ ба ёд оред, силсилаи «Ганҷнома»-ҳои Борбади Марвазиро. «Ганҷи бодовард», «Ганҷи Гов», «Ганҷи сӯхта» ҳар яке таърих дорад, қисса дорад, ҳолати гоҳе шодиовару гоҳе пуроҳу нола дорад. Қиссаи «Шабдиз», ки Борбад ба Хусрав бо суруд мегӯяд: «Шабдиз надавад, нахӯрад, шиҳа накашад», – гуфтани хунёгар шоҳро ба фиғон ва таҳлука меандозад ва худ мегӯяд:
– Магар Шабдиз мурдаст?
Ҳамин аст, қудрати суруд, шеър ва овози асиркунандаю диловез.
Ва ё суруди «Бӯйи ҷӯи Мӯлиён»-ро устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шоҳро ба бӯи ёру диёр, ба назди пайвандону ҳамрешагон чунон ҳидоят ё даъват кард, ки шоҳ ҳатто бе мӯза ба асп нишаста «Бухоро» гӯён бо ташнаҷонӣ ва меҳри беандоза равон шуд.
Ушшоқ ёди ёри меҳрубон аст, ҳаҷри дӯст аст, замини муқаддас, зодгоҳу зодбум аст. Аҷиб он ки тамоми ушшоқҳо дар мақоми «Рост» ҷой гирифтаанд. Аз оҳангҳо «Мушкилоти Ушшоқ», аз сурудҳо «Талқи Ушшоқ», «Насри Ушшоқ», «Уфари Ушшоқ», «Савти Ушшоқ», «Танқинчаи Савти Ушшоқ», «Қашқарчаи Савти Ушшоқ», «Соқиномаи Савти Ушшоқ», «Уфари Савти Ушшоқ», «Даромади Ушшоқ», «Ушшоқи калон», «Ушшоқи Исфара», «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоқи Ҳофиз», «Ушшоқи Ҳоҷӣ Абдулазиз» («Ушшоқи Самарқанд»).
Ҳар яке аз ин ушшоқҳо таърих дорад, ҳолатҳои руҳию лаҳзаҳои пурҳаяҷонро дар худ гунҷондааст.
Мақоми «Рост» модари мақомҳо дониста шудааст. Дар сарчашмаҳо омада, ки пас аз ронда шудани Одамато ва Момоҳавво аз даргоҳи олӣ чил сол дар фироқи якдигар нола мекунанду дар вақти вохӯрӣ бо дилу ҷон «Ҳой-ҳой»-кунон мегирянду аз он оҳу нола ва лаҳзаи дилобкунанда мақоми «Рост» тавлид меёбад. Ҳамин аст, ки ҳар як ушшоқ дилҳоро асир мекунад, ақлро тасхир менамояд ва касро ба ҳолати бехудию пурҳаяҷон меоварад:
Шаш овоз аст дар ҳар ҷою ҳар як
Дар Исфаҳону Зангуласту Салмак,
Чу бо Ушшоқ гардад Рост якдил,
Шавад Гардония з-ин ҳарду ҳосил.

«Чу бо Ушшоқ гардад Рост якдил» асоси гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад. Ҳақ ба ҷониби санъатшинос Аслиддин Низомов, ки навишта: «Дар ҳар тарона ва савти шашмақом садои қалби ҳазорон аҷдоди бузурги мо сабт аст». Оре, ин шоҳасари тоҷикон бо диди тоза, бо таваҷҷуҳи аҳли илму ҳунар аз нав мақом ёфт, бо лаҳни ҷадид ба дилҳо макон гирифт:
Шаш ҷиҳат гар бингарӣ, қонуни ибрат дар навост,
Гӯш мебояд кунад, фаҳме, ки ин ғулғул чарост?

Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР

Санаи нашр: 12.05.2023 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив