ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАШШОФИ ҶАВОҲИРОТИ СУХАН

КАШШОФИ ҶАВОҲИРОТИ СУХАН

12 май 2023, Ҷумъа
22
0


Адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филология, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Ҳабибов дар таҳқиқи адабиёти тоҷик нақши муҳим дорад. Муҳаққиқ, бахусус  дар гирдоварӣ ва пажӯҳиши вижагиҳои хоси осори парокандаи шоирони асрҳои XVI - XIX ва ибтидои асри XX, саҳми хосса гузоштааст. 
Таҳсили бомуваффақият дар шуъбаи тарҷумонии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва фаъолияти илмии Амирбек Ҳабибов дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тақдири ояндаашро ба илми адабиётшиносӣ пайваст. Шуруъ аз соли 1957 ба омӯзиши аҳволу осори шоирони кӯҳистон оғоз менамояд. Дар ин давраи баъдиҷангӣ (1941-1945), айёми барқароркунии хоҷагии халқ, зарур буд, ки таъриху фарҳангу адабиёти пурғановати тоҷик низ, эҳё гардад. Даврае фаро расид, ки бояд анъанаи устод Айниро идома дода, офаринандаи беҳтарин шоҳкориҳои адабиёт ва аз азал сухандону суханвар будани миллати тоҷикро собит созанд. Бо тақозои тақдир чунин масъулияти пуршараф, вале мушкилу пурмасъул баробари дигар муҳаққиқони соҳибноми тоҷик, бар дӯши Амирбек Ҳабибов меафтад. 
Гирдоварӣ ва муайян намудани ашъори шуарои нисбатан камошно мушкилоти зиёд дошт. Шоироне, ки мебоист ашъори онҳоро пайдо намояд, ағлаб дар қисмати Бухорои Шарқӣ ва дар манотиқи кӯҳистон мезистанд. Бо ибораи дигар, онҳо аз марказҳои адабии замон, мисли Бухорою Самарқанд фарсахҳо дур буданд. Ин шоирон, агарчи соҳиби истеъдоди фавқулодаи эҷодӣ бошанд ҳам, аз назари тазкиру баёзнависон ва муаррихон дар канор монда ё дар ин маҷмуаҳо ба ҷузъ аз чанд намунаи эҷодашон, дар бораашон ёфтани маълумоте имкон надошт. Аз ин лиҳоз, пайдо кардан ва муайян намудани ин шоирон ковиш ва сафарҳоро ба манотиқи гуногун ва китобхонаҳои бузурги кишварҳои дуру наздик тақозо мекард. Барои иҷрои ин вазифаи душвору пуршараф Ҳабибов ба гӯшаву канори кишвар сафар карда, аз осори шоирону адибон китобҳои бозмонда ва намунаҳои шеъриро ҷустуҷӯ мекард. Тавре Ошурбек Файзуллобеков ҳикоят мекунад, охири солҳои 1960 ва аввали солҳои 1970 - ум Амирбек Ҳабибов ба дурдасттарин нуқтаи Тоҷикистон- водии Вахон сафар дошт. Зимни ҷустуҷӯҳо ӯ хонаеро пайдо менамояд, ки дар он шоири овозадор Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ (асрҳои XIX-XX) мезист. Ҷолибияти хона дар он буд, ки ба иловаи кандакорӣ буданаш, инчунин, дар чӯбҳои сақфи он намунаҳои шеърӣ бо хатти форсӣ навишта шуда буданд, ки ба шоирони маҳфили адабии Суфӣ Муборакқадам, устои хонасоз Алимуҳаммад ва худи шоир тааллуқ доштанд. Ҳабибов роҷеъ ба вижагиҳои ашъори Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ, маҳфили адабии ӯ, хонаи пурнақшу нигори кандакоришуда, рубоби ҷолибу ҳайратангез сохташуда, дастгоҳи варақтайёркунии шоир ва, билохира,  маҷмаи “Санги офтоббин” иборат аз “Ҳамалхона”, “Тиреза”, “Дарвоза” ва ”Чилласанг”, ки тавассути он Муборакқадам ҳаракати Моҳу ситорагон, даромади соли нави ҳиҷрӣ, шамсӣ, қамарӣ ва баробаршавии шабу рӯзро мушоҳида мекард, маълумоти муфассалро рӯи чоп овард. 
Дар солҳои 70 – уми асри гузашта ҷустуҷӯи Амирбек Ҳабибов дар пайдо намудани аҳвол ва осори шуарои номакшуфи доираҳои адабии Ҳисор идома меёбад. Маҷмуаи “Мероси адабии шоирони Ҳисор” натиҷаи ин пажӯҳиш буда, аз он метавон доир ба сухансароёни нимаи дувуми асри XVIII ва ибтидои асри XX водии Ҳисор маълумот пайдо намуд. 
Таърих ва вижагиҳои адабиёти тоҷики Бухорои Шарқӣ, ҳамчунин, дар китоби дигари муҳаққиқ “Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ” инъикос ёфтааст. Ин китоб соли 1984 ба нашр расида, дар он муаллиф дар бораи доираҳои адабии Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз, намояндагони барҷастаи ин доираҳои адабӣ, мазмуну ғояи ашъори онҳо, сабку услуб, равобити адабии онҳо бо дигар доираҳо маълумот медиҳад. Дар заминаи ин омӯзиш маҷмуаи “Ганҷи парешон” мураттаб шуд, ки шомили маълумот роҷеъ ба 63 шоири Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб мутааллиқ ба охири асри XVIII, асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. 
Ҷанбаи дигари фаъолияти илмии Ҳабибовро робитаҳои адабӣ ташкил медиҳад. Натиҷаи таҳқиқи масъалаи мазкур дар асари арзишманди ӯ “Аз таърихи равобити адабии Бадахшон бо Ҳиндустон” инъикос ёфтааст. Ин асар соли 1991 ба нашр расида, дар бораи шуарои асрҳои XVI то XVIII маълумот медиҳад. 
Ҳамин тариқ, пайдо намудани шоирони соҳибзавқ ва боистеъдоди адабиёти нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар манотиқи гуногуни Осиёи Миёна аз ҷониби суханшиносони маъруф, минҷумла Амирбек Ҳабибов, собит сохт, ки дар давраҳои мазкур на танҳо дар марказҳои фарҳангие мисли Бухорою Самарқанд, балки дар минтақаҳои дур ҳам доираҳои адабӣ фаъолият мекарданд. 
Мероси илмии Амирбек Ҳабибов, ки беш аз 25 асарро (10 монографияву рисолаҳои илмӣ ва зиёда аз 350 мақола)  ташкил медиҳанд, бозгӯи хизмати арзандаи муҳаққиқи маъруф ва олими пуркор дар соҳаи адабиётшиносии тоҷик мебошад. 

Собир ЛАТИФОВ,
ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, 
Райҳон СОҲИБНАЗАРБЕКОВА, устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.05.2023 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив