ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНВОРАИ ДОСТОНСАРОЁН.  ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ҶАШНВОРАИ ДОСТОНСАРОЁН.  ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

12 май 2023, Ҷумъа
20
0


Дар шаҳри Гулистон, маркази маъмурии вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷашнвораи сеюми байналмилалии достонсароён баргузор гардид. Дар он аз 30 кишвари олам достонсароён ва навозандагони созҳои миллӣ ширкат варзиданд. 

Дар ҳошияи Ҷашнвора конфронси илмию амалӣ доир шуд. Он намудҳои достонсароӣ, мазмун ва мундариҷаи эпосҳо ва истифодаи асбобҳои мусиқиро дар меҳвари баррасии хеш қарор дод. Кароматулло Раҳимзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи таърихи санъат ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзуи  «Масоили пайдоиш ва муайян намудани номи достони «Гӯрғулӣ» маъруза кард. Муҳаққиқ масъалаи ташаккули достони «Гӯрғулӣ»-и тоҷикро дар заминаи муқоисаи нусхаҳои он баррасӣ намуда, ҷиҳатҳои бадеии достон ва таъсири мутақобилаи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро дар суннатҳои он дар меҳвари гузориши худ қарор дод. 
Достони эпикии «Гӯрғулӣ» дар мероси мусиқии тоҷикон падидаи муҳим ва нотакрор буда, дар он воқеаҳои афсонавии таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ифодаи бадеии худро пайдо кардаанд. К. Раҳимзода ишора намуд, ки эпос силсилаи 30 достони ба ҳам алоқаманд буда, бо гузинаҳои иҷрои намояндагони мактабҳои гуногуни гӯрғулихонӣ (асосан, дар ҷануби Тоҷикистон), ки тақрибан 150 нусха дорад, фарқ мекунад. Миқдори қобили мулоҳизаи достонҳо, ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон, аз ашъори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зиёдтар аст, ки ба анъанаи хаттии эпикӣ мансуб мебошад.
– Дар конфронс баъзе иддаоҳо низ, баён гардиданд, ки достонсароӣ бештар хоси мардуми туркзабон буда, асли пайдоиши он аз байни қабилаҳои гуногуни мардуми туркнажод сарчашма гирифтааст. Назари шумо дар ин робита чӣ аст?
– Ҳар қавму қабила ё миллат фолклор ё эҷодиёти шифоҳии худро дорост. Вақте мо масъалаи достонсароиро баррасӣ мекунем, ҳатман ба мероси гузашта такя менамоем. Худ аз  худ маълум хоҳад шуд, ки натиҷаи он ба мо ҳамчун далел чи пешниҳод мекунад. Гузашта аз ин, дар конфронс масъалаҳои зиёд ба миён гузошта шуданд, ки бархе аз онҳо пажӯҳиши таърихи достонсароиро таъкид менамояд.
Дар Ҷашнвораи достонсароён Ҷумҳурии Тоҷикистонро алпомишсаро Абдураҳмон Асалов ва гӯрғулихон Муқимҷон Камолов муаррифӣ намуданд. Аъзои ҳайати ҳакамон дар номинатсияи «Иштирокчии фаъоли Ҷашнвора» Абдураҳмон Асаловро ғолиб донистанд.   

Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.05.2023 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив