ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХОҶА ОБИ ГАРМ». ОСОИШЕ ДАР ДОМАНИ КӮҲ

«ХОҶА ОБИ ГАРМ». ОСОИШЕ ДАР ДОМАНИ КӮҲ

16 май 2023, Сешанбе
33
0


Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфта, 50  километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар қаторкӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1940 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Айни замон яке аз қадимтарин, машҳуртарин, калонтарин ва зеботарин осоишгоҳҳои кишвар маҳсуб меёбад.
Осоишгоҳи мазкур бо оби буғноки раддонии табиии худ, ки аз қаъри замин мебарояд  машҳур аст. Оби маъдании буғноки он қобилияти шифобахшӣ дошта, барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд дорад. 
Бояд гуфт, ки буғ ва оби шифобахши раддонӣ ба торҳои асаб, рагҳои хунгузар, васеъшавии рагҳои хунгузари пӯст таъсири мусбат мерасонад. Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки оби мазкур суръати гардиши хунро дар рагҳои майдатарин низ, муътадил месозад. 
Сарчашмаи пайдоиши ин оби шифобахши буғноки раддонӣ дар китоби сайёҳи машҳури рус Р. Литвинов соли 1978 дарҷ шудааст. Тадқиқоти обҳои шифобахши «Хоҷа Оби Гарм»-ро баъдан олимони тибби Тоҷикистон И. Я. Бобохоҷаев, Муҳаммад Осимӣ ва Пӯлод Одилов пурра омӯхта, хосиятҳои шифобахшии онҳоро муайян намуда, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд. 
–  Инфрасохтори Осоишгоҳ дар сатҳи олӣ тарҳрезӣ шуда, аз ҳеҷ як осоишгоҳҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони имрӯза камӣ надорад, – гуфт дар суҳбат ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Камолзода Маҳмад Алиаҳмад. Ӯ афзуд, ки дар Осоишгоҳ беш аз 25 намуди усули нави муолиҷа мавҷуд буда, дар он бемориҳои дил, асаб, рагҳои хунгузар, сутунмуҳра, роҳи нафас, гурда, простатит, узвҳои ҳозима, системаи устухону мушакҳо ва бемориҳои занона табобат карда мешаванд. Дар Осоишгоҳ шароити хуби табобат ва истироҳати бофароғати меҳмонон фароҳам оварда шудааст.  
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта дар Осоишгоҳ зиёда аз 25 ҳазор нафар истироҳату табобат карданд, ки назар ба соли 2021-ум 6 ҳазору 700 нафар зиёд буда, аз ин шумора 476 нафар аз хориҷи кишвар мебошад. Солҳои охир тамоюли афзоиши шумораи сайёҳону истироҳаткунандагон дар ин Осоишгоҳ, ки дар як вақт метавонад ба беш аз 800 нафар  хизмат расонад, ба назар мерасад.   Табобат дар ин Осоишгоҳи табиатан хушбоду ҳаво, дар сатҳи хеле баланд ва бо истифодаи таҷҳизотҳои нави муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.      Солҳои охир бо дастгириву ғамхории роҳбарияти олии мамлакат ин мавзеи хушбоду ҳавои кишвар намуди тоза касб намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам зебову дилработар гаштани он кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. 
– Хушбахтона, бо ҳидоят ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуд, – гуфт  Камолзода Маҳмад Алиаҳмад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив