ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТИ ДУОИ МОДАР

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

16 май 2023, Сешанбе
18
0


Бузургсолони деҳаи зебоманзараи Яхшволи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин воқеаро ҳақиқати ҳоли зиндагӣ медонанд... Иброҳимшоҳ Самарқандиев яке аз аввалин омӯзгорони   маълумоти олидори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар  ВМКБ буд. Тирамоҳи соли 1941 ӯ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рафт. Баъди омӯзиш лейтенанти калон Иброҳимшоҳ Самарқандиев дар ҷангҳои  назди шаҳрҳои Курск, Смоленск, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва Орёл диловарона ҷангида, панҷ маротиба ҷароҳат бардоштааст. Дар яке аз чунин муҳорибаҳо дар назди шаҳри Орёл  бо вуҷуди зиёд будани сафи қувваҳои ҳарбии фашистон, ротае, ки капитан Иброҳимшоҳ Самарқандиев ба ҳайси муовини командири рота адои хизмати ҳарбӣ менамуд,  ҳангоми ба ҳалокат расидани майор А.В. Сисоев роҳбариро ба уҳда мегирад. Урдуи  фашистон дар он муҳориба  ба шикаст мувоҷеҳ гардида,  ақибнишинӣ менамояд  ва чандин афсару аскари худро аз даст медиҳад,  қариб бист нафар аз онҳо, ки аксарияташон афсарон буданд, ба асорати аскарону афсарони муҳофизи Ватан асир меафтанд. Барои ин ҷасорат ва ҷавонмардиву роҳбарии қисми низомӣ дар ҳолати набарди ҳарбӣ  ба  Иброҳимшоҳ Самарқандиев Сипосномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ И.В. Сталин тақдим гардидааст.
Ӯ, инчунин, барои корнамоиҳои ҷангӣ бо як орден ва панҷ медал мукофотонида мешавад.
Муҳорибаи ҳалкунанда дар назди деҳаи Дяковаи  шаҳри Курск ба ҳар ду тараф муҳимтарин нуқта ба ҳисоб мерафт. Дар ин миён тоҷикписар Иброҳимшоҳ Самарқандиев бо ҳамроҳонаш дар сафи аввали ҷанг қарор доштанд. Душман девонавор намехост, ки мавқеашро тағйир диҳад. Дар ин миён дар наздикии ҷое, ки Иброҳимшоҳ Самарқандиев меистод снаряде метаркад ва дар натиҷаи он ӯ аз як пояш марҳум мегардад ва оҳанпораи дигаре қисмати сар ва чанд ҷой баданашро захмдор месозад.
Собиқадори маорифи халқ Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Алифшоҳ Шоҳалифзода мегӯяд: “Ман дар он замон тахминан даҳсола ва хонандаи синфи сеюм будам. Вақте ки хаткашон номаи сиёҳи амаки Иброҳимшоҳро ба хонаашон овард, бо вуҷуди оне ки ҳамаи мардуми деҳа мотам доштанд ва мегиристанд, модари амаки Иброҳимшоҳ, - бибӣ Шамъи Ҷаҳон мегуфт: “Не, ман ба марги писарам бовар намекунам. Илоҳо, писарамро ба назди ман зинда бирасон!”.
Баъди як соли поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ  амаки Иброҳимшоҳ зинда, вале маъюб бо як пой ва асобағал ба деҳа ба назди модари бузургвораш ва бародаронаш баргашт”, - суханашро идома дода гуфт Алифшоҳ Шоҳалифзода, - ҳамдеҳаи Иброҳимшоҳ Самарқандиев. 
Дар ин миён модари амаки Иброҳимшоҳ Самарқандиев, - бибӣ Шамъи Ҷаҳон, аллакай, дар бистари беморӣ буд ва шукргузорӣ мекард, ки Яздони пок дуоҳои ӯро ба даргоҳаш қабул намудааст ва фарзандашро бо вуҷуди маҷруҳ ва маъюб буданаш ба наздаш зинда расондааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иброҳимшоҳ Самарқандиев то нафаси охирини модараш дар хидмати ӯ қарор дошт. Аз рӯйи нақли ҳамдеҳагонаш ӯ мегуфтааст:  “Модарамро ғаму кулфат ва дурии ман аз пой афканд ва ман бояд ба модарам ҳам хидмати писарӣ ва ҳам духтариро ба ҷо биёрам”. Амаки Иброҳимшоҳ бо вуҷуди маъюб буданаш намегузошт, ки янгаҳояш ва ё бародаронаш  баъди омадани ӯ либосҳои модарро бишӯянд ва ё хидмати дигареро анҷом диҳанд. Ӯ то охирин нафаси модари азизашон дар канори саҷдагоҳашон буданд ва баъд аз вафоти модар боқимондаи умри худро дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе ва Орҷеникидзеобод (Ваҳдати имрӯза) ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намуд.
Аз рӯйи нақли ҳамдеҳагон Иброҳимшоҳ Самарқандиев  дар ҳар маҳфил мегуфтааст, ки дасти дуои модарам ба ман умри дубора ато намуд. Оре, ин ҳақ аст ва насли имрӯза ва фардоро лозим аст, ки дар пайи эҳтироми волидайн бошанд ва бо дуои файзбори онҳо саодати ду ҷаҳониро насиби худ гардонанд.
 
Саъдоншоҳ УЛФАТЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ”-и нашрияи МИМҲД-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив