ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД...

ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД...

16 май 2023, Сешанбе
525
0

 
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, пахта яке аз маҳсулоти асосӣ барои корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат кишоварзони ҷумҳурӣ соли 2022 тибқи маълумоти оморӣ, дар майдони 185435 гектар кишти пахта гузаронданд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 404655 тонна ё ба андозаи 95,0 дарсади дурнамо пахта истеҳсол  шудааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар 22,3 сентнерро ташкил дод.
Тибқи агротехникаи парвариш рӯёнидани ҳосили баланди пахта хароҷоти истеҳсолии зиёдро талаб менамояд.  Барои рӯёнидани 25 сентнер ҳосили пахта бо назардошти нархҳои амалкунанда, тибқи таҳлили пешакии мутахассисон, арзиши аслии 1 кг пахта 14,65 сомониро ташкил медиҳад.
Соли гузашта ҳангоми сафарбаркунии аввалин “Корвони тиллои сафед” ба нуқтаҳои пахтақабулкунӣ аз тарафи аксари корхонаҳои қабул ва коркард ҳар як тонна пахтаи ҷамъоваришуда бо нархҳои 11-12 ҳазор сомонӣ харидорӣ шуд. Мутаассифона, баъдтар ва то имрӯз нархи хариди пахта то 7-8 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт, ки ин ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакорро дар таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар оянда заиф мегардонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ва, ҳамчунин, ҳолати ташвишовар ҳам ҳаст, ки як қисми кишоварзон бо назардошти паст будани нархи хариди пахта, маҳсулоти худро ба корхонаҳои коркард насупурда, маҷбур шуданд, ки то боло рафтани нарх  дар хонаҳояшон нигоҳ  доранд.
Дар давраҳои аввали ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои таъмин ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ширкатҳои фучерӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Оғоз аз кишт то ҷамъоварии пахта ширкатҳои фучерӣ кишоварзонро бо ҳамаи маводҳои соҳа, аз қабили тухмӣ, нуриҳои минералӣ, маблағҳои нақдӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва ғайраҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн таъмин менамуданд. Ин ҳолат то ҷое кори кишоварзонро осон мегардонд. Сониян, баъди барҳам хӯрдани ширкатҳои фучерӣ кишоварзон то ҳоло тавассути сармоягузорони алоҳида ва бонкҳои ҷумҳурӣ фаъолияташонро идома медиҳанд, ки ин ҳолати поин фаромадани нархи пахта хароҷоти молиявии хоҷагиҳои пахтакорро намепӯшонад ва онҳоро дар назди сармоягузору бонкҳо қарздор менамояд.
Дастури Президенти кишвар оид ба дар доираи Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар ҷумҳурӣ сохта ба истифода додани панҷ маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ нақши калон дошта, рушди саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд.
Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ шумораи корхонаҳои коркарди пахта 22 ададро ташкил медод, ҳоло бошад, он ба 108 адад расидааст. Мутаассифона, бинобар ба кластери муосир пурра ҷавобгӯ набудани аксари ин корхонаҳо тамоми силсилаи истеҳсоли пахта, коркарди аввалияи он, ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро фаро гирифта наметавонанд.
Ба ҳолати имрӯза дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи коркарди ниҳоии пахта фаъолият мекунад.
Тибқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ  гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400  метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ 100-120  кило равған, тақрибан 270  кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад. Аз ин миқдор тақрибан 120-140 ҳазор тонна нах ҳосил мешавад. Ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он (15%) дар дохили Тоҷикистон коркард шуда, боқимонда ба содирот меравад. Тибқи ҳисобу китоби  мутахассисони соҳа, агар 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар коркард шавад, аз он метавон аз 350 то 400 миллион метри мураббаъ матои гуногун истеҳсол кард. Аз 100 ҳазор тонна нахи пахта бо нархҳои имрӯза метавон 290  миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст овард, лекин агар аз он матоъ истеҳсол карда шавад, даромад  метавонад зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил диҳад ва ин ҳам бо ҳисобу китоби тахминӣ, – чунин изҳори андеша доранд  мутахассисони соҳа. Бар иловаи ба даст овардани арзи хориҷӣ, роҳандозии коркарди пахта дар дохили Тоҷикистон имкон медиҳад, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Ғайр аз ин, аз  400  ҳазор тонна пахта зиёда аз 40 ҳазор тонна равғани пахта ва қариб 45 ҳазор тонна хӯроки чорво гирифтан мумкин аст.
Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр карданд, ки талаботи бозори истеъмолии имрӯзаи мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 дарсад таъмин гардида истодааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Конибодом ва коркарди ниҳоии пахта талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 дарсад таъмин мегардад.  Ҳамчунин, коркарди ниҳоии пахта барои фаъолият ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ бо дарназардошти қувваи арзони корӣ шароит муҳайё менамояд.
Ба ҳолати имрӯза сохтори корхонаҳои саноати нассоҷию дӯзандагӣ аз 6 корхонаи азими коркарди ниҳоии пахта, 12 корхонаи калону миёнаи ресандагӣ, 6 корхонаи кешбофӣ ва ҷӯроббофӣ, 149 коргоҳи калон, миёна ва хурди дӯзандагӣ ва 108 корхонаи коркарди аввалия (пахтатозакунӣ) иборат аст.
Ҷалби кластеркунонии соҳа манфиатбахш ва самаранок буда, дар оянда метавонад ба коркарди ниҳоии пахта дар ҷумҳурӣ замина гузорад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки калонтарин корхонаҳои коркарди ниҳоӣ бинобар маблағҳои кофии гардишӣ надоштан, фаъолияти пурсамари доимиро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бори ташкили кластерҳоро танҳо он корхонаҳои азиме чун ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бар дӯш гирифта метавонад, ки маблағҳои калони захиравӣ доранд. Маблағгузори асосии ин корхонаи азими муштарак яке аз ширкатҳои бонуфузи Чин мебошад.
Ҳолати дигари матраҳ шудани масъалаи мазкур аз ташкили холдингҳо, яъне ихтиёран муттаҳид шудану холдинг созмон додан аст.
Ба ақидаи  мутахассисон, аз коҳиши ҳаҷми содироти пахта ба сифати ашёи хом Тоҷикистон бурд хоҳад кард. Барои даромади иловагӣ гирифтан аз афзоиши коркарди пахта, пеш аз ҳама, истеҳсол ва ҳосилнокии онро зиёд кардан лозим аст.  Мутаассифона, ҳосилнокии пахта соли 2022-юм дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар ҳамагӣ 22,3 сентнерро ташкил додааст. 
Мавриди зикр аст, ки истеҳсол ва нигоҳдорию назорат нашудани коркарди пунбадонаи тухмӣ дар  корхона¬ҳои коркарди пахта, яке аз омилҳои коҳишёбии ҳосилнокии он гардидааст. Ин масъала бояд мавриди таваҷҷуҳ ва назорати доимии масъулон қарор дошта бошад. Барои ба эътидол овардани нархи пахта ва хариди он аз ҷониби сармоягузорон ғамхорӣ ва назорати ҷиддӣ роҳандозӣ намудан зарур аст, то ки хоҷагидор аз маҳсули меҳнаташ манфиат бинаду дар назди бонкҳо ва сармоягузорон қарздор намонад. Чун аз натиҷаҳои хариди нархи имсолаи пахта  деҳқонон на он қадар қаноатманданд,  ин метавонад дар оянда ба коҳиш ёфтани майдони кишти пахта ва истеҳсоли он таъсири манфӣ расонад. Бо назардошти ин, барои рушд намудани соҳаи пахтакорӣ татбиқ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамоем:

1.     Мавриде фаро расидааст, ки минбаъд баҳри ғанӣ гардондани буҷаи ҷумҳурӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҳсулоти ватанӣ, истеҳсол, коркард ва хариди пахта таҳти назорати давлат қарор дода шавад.
2.     Ба манфиати кор мебуд, агар Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳтимол моҳи июн нархҳои тавсиявии хариди пахта аз хоҷагиҳои деҳқониро бо назардошти хароҷоти воқеии онҳо ва хусусиятҳои ҳар минтақа муқаррар намояд.
3.     Аз ҳисоби буҷаи давлат, бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ба соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ қарзҳо бо фоизи пасти солона (то 7 дарсад) ба муҳлати 5-10 сол ҷудо карда шавад.
4.     Беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурӯши тухмӣ. 
5.    Азназаргузаронии дурусти заминҳои кишоварзӣ, ки ба майдонҳои боғзор ва таги сохтмонҳо ҷудо карда шудаанд ва самараю натиҷаҳои он. Мақсаднок ва оқилона  истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва пайдо гардидани манбаъҳои буҷети маҳаллӣ замина мегузорад.
6.     Роҳ надодан ба камшавии майдонҳои кишт ва ҳосилнокии он, минтақабоб кардани навъҳои нави серҳосил, ташкили дурусти илмии киштгардони зироат, ки  боиси барқарор намудани қобилияти ҳосилхезии хок мегардад.
7.     Баланд шудани нархи нуриҳои маъданӣ ва дастрасӣ надоштани кишоварзон ба он  боиси кам шудани ҳосилнокии пахта гаштааст. Дар ҳолати аз як гектар замини пахта 30 сентнер кам гирифтани ҳосил дараҷаи даромаднокии пахтаро ба сифр баробар мекунад. Аз ин рӯ, баланд намудани суръати ба  кор даровардани заводи нуриҳои азотии Сарбанд амри зарурист. Дар дигар ҳолат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмин кардани талаботи соҳа бо Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шартномаи байнидавлатӣ баста, воридоти нуриҳоро бо нархҳои дастрас таъмин намояд.

Имомназари КАРИМИЁН, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив