ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАВОДИ ҒИЗОИИ ХУДӢ

ТОҶИКИСТОН.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАВОДИ ҒИЗОИИ ХУДӢ

16 май 2023, Сешанбе
24
0


Яке аз суолҳои матраҳ дар матбуоти даврӣ айни замон ин аст, ки дар Тоҷикистон то кадом андоза таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худии ғизоӣ имконпазир аст?
Гузориши ин  масъала зоҳиран сода намояд ҳам,  аммо  мантиқан дар худ печидагиҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, ин мавзуъ таҳлили дақиқ  ва  назарсанҷии андешаҳои  олимону коршиносонро тақозо менамояд. 
Чанде пеш академики Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Қаюмов тариқи матбуот иброз дошт, ки Тоҷикистон метавонад 30 миллион аҳолиро бо ғизо таъмин намояд. 15 феврали соли 2023 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ориф Ҳоҷазода  зимни  нишасти хабарӣ гузориш дод, ки кишвари мо беш аз 50 миллион аҳолиро хӯронда метавонад. Феълан  баъзе “ҳолдонҳои илмӣ” баён медоранд, ки Тоҷикистон метавонад аз 80 то 100 миллион аҳолиро бо маҳсулоти озуқаворӣ  таъмин созад. Бо назардошти он, ки далелҳои болозикр то ҳол дар қиёс  бо якдигар тавзеҳу ташреҳи худро наёфтаанд ва онҳо ҳанӯз аз лиҳози илмӣ бо диди ҷуғрофӣ шарҳу тавзеҳ нашудаанд, масъалаи мазкур таҳлили амиқ мехоҳад. 
Таъмини амнияти озуқаворӣ  барои  ҳар як кишвар дар шароити  ҳозира  вазифаи муҳимтарин буда, ҳалли ин масъала яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон низ, дар ин раванд истисно нест. Ин ва дигар омилҳо  моро водор карданд, ки  он арзишҳои илмиеро натиҷагирӣ  ва баррасӣ намоем, ки муҳтавои онҳо бо тамоми паҳлуҳои соҳаи кишоварзии кишвар   рабт дошта бошад. Тақвият  бар ин андеша он аст, ки аҳолии Тоҷикистон соли 1940  тақрибан 1 миллиону  484  ҳазор нафар буд, алҳол ин рақам  ба  даҳ миллион нафар расидааст. Далелҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки то соли 2050 аҳолии кишварамон ба 14 миллион нафар мерасад. Аз ин ҷиҳат, яке аз хадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира дарёфти усулҳои  таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри тараққӣ  додани соҳаҳои  гуногуни кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва василаи таъмини амнияти озуқаворӣ  мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин самт барномаю лоиҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд. Аммо новобаста ба  ин, чандин мушкилот ба назар мерасанд. Агар арзишҳои омориро  аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дида бароем, масоҳати Тоҷикистон 14,2 миллион гектар буда, 9 миллион гектари он барои фаъолияти кишоварзӣ номувофиқ мебошад. Чунончи, 93 дарсади Тоҷикистон кӯҳсор буда, танҳо 7 дарсадро ҳамворӣ ташкил медиҳад. Агар ин 7 дарсадро воқеъбинона таҳлил намоем, маълум мешавад, ки тақрибан 3 дарсади ҳудуди кишварро санглох ташкил медиҳад. Далели мазкур гувоҳи он аст, ки бештар аз чор дарсади ҳудуди кишварамон барои рушди  соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои мусоид  дораду халос. Арзишҳои ҷуғрофӣ, ҳамзамон, собит месозанд, ки 76 дарсади масоҳати Тоҷикистон дар баландиҳои аз 800 то 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.  Инчунин, зиёда аз 50 дарсади ҳудуди мамлакат дар баландиҳои беш аз 3000 метр, 9 дарсад дар минтақаи доманакӯҳу ҳамвор, 10 дарсад пасткӯҳҳо, 21 дарсад миёнакӯҳ ва 60 дарсад дар мавзеъҳои баландкӯҳ ҷойгиранд. Барои мисол, 45 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил медиҳад, аммо он ҳамагӣ 3 дарсади замини ҳамвор дораду халос. Ҷолиб ин аст, ки 27 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро ноҳияи Мурғоб фаро мегирад ва он пурра дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷо гирифтааст. Ба ин монанд ноҳияи  Сангвор низ, дар чунин мавзеъҳо ҷойгир шудааст.  Ҳадаф  аз овардани чунин далелу андешаҳо он аст, ки дар минтақаҳои гуногуни кишварамон на ҳама вақт  рушди соҳаи кишоварзӣ самараи дилхоҳ ба бор меорад, баръакс муаммою мушкилоти зиёдеро эҷод мекунад. Қобили зикр аст, ки  агар давоми солҳои 1930-1990 майдони заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон 5,2 маротиба зиёд шуда бошад, аммо дар ин муддат шумораи аҳолӣ 10-12 маротиба афзудааст. Ғайр аз ин, агар соли 1963 ба ҳар сари аҳолии ҷумҳурӣ 0,57 гектар замини кишт рост ояд, ин нишондиҳанда солҳои 80-ум ба 0,19 гектар, ҳоло ба 0,06 гектар расидааст. Феълан ба ҳар як шарҳванди ҷумҳурӣ тақрибан 0,06 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин  яке аз нишондиҳандаи пасттарин  дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад. Умуман, далелҳои ҷуғрофӣ бозгӯи онанд, ки релефи Тоҷикистон басо мураккаб ва гуногуншакл буда, истифодабарии он дар рушди соҳаи кишоварзӣ муносибати эҷодкоронаро талаб мекунад, вагарна истифодаи худсаронаи он  метавонад дар оянда  муаммоҳои зиёди экологиро ба бор орад. Тибқи маълумоти Институти лоиҳакашӣ-тадқиқотии «Тоҷикгипроводхоз»,  фонди умумии заминҳои мелеоративие, ки барои обёрӣ дар ҳудуди кишварамон мувофиқат мекунанд, тақрибан 1,5-1,6 миллион гектарро ташкил медиҳанд. Алҳол бештар  аз 750 000 гектари он обёрӣ шудааст. Дар ин росто, мутахассисони  соҳа бар ин назаранд, ки ҳамаи заминҳои дар водии дарёҳои Тоҷикистон воқеъгардида пурра аз худ карда шудаанд. Рушди минбаъдаи азхудкунии он  аз ҳисоби заминҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо сурат мегирад. Ҳамин тавр, истифодабарии замин дар миқёси кишварамон яке аз масъалаҳои рӯзмарра арзёбӣ гардида, азхудкунии минбаъд  тағйир додани муносибатҳоро дар ин ҷода тақозо менамояд. Зеро заминҳои обёришаванда дар Тоҷикистон чандон зиёд нестанд, аз ин рӯ, мо бояд ҳар як ваҷаби онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, онро  барои насли оянда  ба мерос гузорем.  Бо чунин назардоштҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ягон кишвари мутамаддин имконияти худтаъминкуниро дар ҳамаи шаклҳои озуқаворӣ  надорад. Сарфи назар аз талошҳои Ҳукумат,  Тоҷикистон феълан  тақрибан аз 28 то 35 дарсади талаботи аҳолиро бо маводи ғизоии худӣ таъмин карданро дорад.

Ҳасан АСОЕВ, 
коршиноси масоили экологӣ

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив