ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ. МАНУ МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ. МАНУ МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

16 май 2023, Сешанбе
89
0


Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм чораҳои дахлдор андешида шуда, муқовимат бо ин зуҳуроти харобиовар тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор амалӣ мешавад. Мақсади асосии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти давлат иборат буда, баҳри ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, барҳам додани таҳдиди экстремизм ва терроризм дар кишвар равона шудааст.
Мусаллам аст, ки оқибати ҳуқуқии кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. Баҳри ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ба ин зуҳуроти номатлуб даст задаанд Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи қисми 1 моддаи 179 (терроризм), яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулк, ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин, таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Объектҳои таҷовузи террористӣ ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор дода мешаванд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии худ ҳанӯз ҳам таҳти таҳдиди хатари терроризм ва экстремизми (ифротгароии) байналмилалӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ, вазъи ниҳоят мураккаби баъзе аз давлатҳои ҷаҳон, ки дар онҳо як қатор марказ ва созмонҳои динӣ-экстремистӣ, пойгоҳҳои тарбияи террористон ва тахрибкорон амал мекунанд, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад.
Ҳамин тавр, қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз хатарҳои террористиву экстремистӣ дар солҳои охир, ин содир намудани чунин амалҳо бо истифода аз фазои шабакаи ҷаҳонии интернет маҳсуб меёбад. Муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар фазои интернет мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, махсусан содир шудани ҷиноятҳои кибернетикӣ. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати танзими ҳуқуқии масъалаи болозикр ва баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳурот бояд ҳамеша чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Фариддун СУЛАЙМОНЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив