ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМЕА. ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ҲАНӮЗ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД, ЧАРО?!

ҶОМЕА. ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ҲАНӮЗ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД, ЧАРО?!

16 май 2023, Сешанбе
23
0

 
Дар чор моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 25024 адад ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз ин шумора 3962 адад бекор шудааст. Новобаста аз он ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1173 адад камтар аст, вале бекоршавии ақди никоҳ дар ҷомеа ҳанӯз аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мемонад. 
Ин  матлаб  зимни  мизи  мудаввар  таҳти  унвони “Оила – макони камолоти маънавии фарзанд”, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид, зикр гашт. Дар чорабинӣ, ки намояндагони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” иштирок доштанд, масоили гуногуни марбут ба пошхӯрии оилаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, оилаи солим ва ҷомеаи солим яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад ва оила пойдевори асосиест, ки маҳз дар ҳамин муҳит инсон камол ёфтаву ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби аввалини зиндагӣ аст, ки пойдориву солимии ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар мебошад. 
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтироми зан – модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нақш ва мақоми бонувонро дар ҷомеа баланд бардоштаанд. Имрӯз мо дар даврони хеле душворе зиндагӣ дорем, ки ҳар рӯзу ҳар соат вазъи ҷаҳон тағйир меёбад. Дар чунин вазъ ва чолишҳои замони муосир моро зарур аст, ки фарзандони худро дар руҳияи ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҳамроҳ гарданд. Ҳамзамон, насли ҷавон набояд дар бунёди оила ба шитобкорӣ роҳ диҳанд, сараввал бояд соҳибмаълумот гарданд, то монеаҳои зиндагиро устуворона бартараф созанду аз пошхӯрии оилаҳои хеш ҷилавгирӣ кунанд, – гуфт Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”.  

Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив