ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. ДАР ОБОДКОРӢ  НАМУНА БОШЕМ!

РАШТ. ДАР ОБОДКОРӢ  НАМУНА БОШЕМ!

16 май 2023, Сешанбе
20
0


Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки бо роҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки аз 3 марти соли 2022, № 123 бо қарори раиси ноҳия тасдиқ гардидааст, бо ҷалби бештари аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон сохта, ба истифода додани 203 иншооти таъиноти гуногун дар самти сохтмон ва меъморӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки саҳми аҳолии ноҳия ва соҳибкорон дар амалӣ гаштани корҳои ободонию созандагӣ назаррас мебошад. Аз шумораи 203 иншооти банақшагирифташуда 145-тои он, ки 72 дарсади нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷониби бахши хусусӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Аз шумораи умумии иншоотҳои нақшавӣ соли 2022 дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ 54 иншоот ва дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 10 иншоот ба истифода дода шуд, ки онҳо ба симои ноҳия зебоии навро зам намуданд. Дар иншоотҳои боқимонда тибқи нақша корҳои сохтмонию меъморӣ идома доранд.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун дар шаҳраку деҳоти ноҳия қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ, истифодаи суннату унсурҳои миллӣ риоя мешаванд. Лоиҳаи ҳар як иншоот дар ҳамкорӣ бо масъулон ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо истифода аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, амалӣ мегардад.
Сохтмони бинову иншоотҳо дар маркази ноҳия тибқи нақшаи генералӣ бо назардошти биноҳои истиқоматии баландошёна ва бо ба инобат гирифтани талабот дар маҳалҳои сохтмони муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсионӣ роҳандозӣ мешавад.
Ҳамзамон, бо мақсади ба воситаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар маҳалҳо ҷойдошта, аз ҷумла бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, бурдани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дошта, дар ин замина бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 71 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳ. Шарифзода.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив