ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «СЕ ШИКАСТИ ОРИЁИҲО»

«СЕ ШИКАСТИ ОРИЁИҲО»

16 май 2023, Сешанбе
71
0


Хонандаи тоҷик навиштаҳои Зафар Мирзоёнро ба воситаи матбуоти даврӣ мутолиа карда, баҳраҳо бардоштааст. Ӯ бештар ба таърих ва арзишҳои миллӣ, ки ба боло бурдани ҳисси худшиносиву дӯст доштани Ватан мусоидат мекунанд, рӯ меорад. Бояд зикр кард, ки дар ин кор муваффақ низ, мебошад.
Ин бор муаллиф ҳаводорони каломи бадеъ, мутахассисони соҳаро бо нашри китобаш бо номи «Се шикасти ориёиҳо» шод гардонд. Пажӯҳандагон сабабҳои шикасти тоҷиконро дар дарозои таърих дар нотавонии низомӣ, парокандагӣ, хиёнатҳо муайян кардаанд. Муаллиф дар асараш бо зикри ин шикастҳо хонандаро ба фирефташуданҳои динӣ, аз ҷумла мардум, ошно месозад, то сари ин масъала нек биандешад ва хулоса барорад. Ин нукта, махсусан дар фаслҳои «Чаро Ғарб пеш рафт, вале Шарқ – Шарқи мусалмон бенаво монд?», «Китобсӯзиҳои тоҷикон» ба таври васеъ ва таҳлилӣ баррасӣ мегардад.
Масъалаи мазкур аз масъалаҳоест, ки дар  асри гузашта низ, диққати равшанфикронро ҷалб намуда буд. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқбол дар рӯзгори хеш барои бедории мардум, шинохти ҳақиқат иброз дошт:

Шарқ Ҳақро диду оламро надид, 
Ғарб дар олам хазид, аз Ҳақ рамид.
Ва низ: 
Ғарбиёнро зиракӣ сези ҳаёт,
Шарқиёнро ишқ рози коинот.
Китоб бо ин суханони пурҳикмату роҳнамосози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни ифтитоҳ меёбад: «Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд». 
Албатта, муроди муаллиф аз таълиф ва нашри китоб ошноӣ бо таърихи гузаштаи миллату ибрат гирифтан аз он аст. Инчунин, мехоҳад, ки хатоҳои пешиниён дигар такрор наёбанд ва миллати мо ба пешрафтҳо, дастовардҳои бузург ноил биргардад.
Китоби «Се шикасти ориёиҳо» туҳфаи арзишмандест барои донишҷӯён, пажӯҳишгарони риштаҳои гуногуни илм ва ҳаводорони каломи бадеу таърихи миллат.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив