ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ӮЗБЕКИСТОН АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ БО ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ

ӮЗБЕКИСТОН АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ БО ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ

16 май 2023, Сешанбе
30
0


Субҳи 12-уми май як ҳайати густарда таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои ширкат дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон вориди шаҳри Тошкент шуд.   Дар чаҳорчӯби ин сафар Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов мулоқот анҷом дод. Баъд дар шакли густарда мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
– Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тавсеаи ҳамкориҳои иққтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Мо дар заминаи ин ҳамкориҳо чандин лоиҳаҳоро таҳти татбиқ қарор медиҳем, ки барои болоравии иқтисод ва некуаҳволии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, – изҳор намуд Абдулло Арипов.
Гуфта шуд, ки бар асоси созишномаҳои дутарафа, Тошкенту Душанбе шарикони стратегӣ ҳастанд. Соли 2023 дар қиёс бо ҳамин давраи  соли 2022 гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 25 фоиз боло рафта, бештар аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар соли равон ин нишондиҳанда то ба 1 миллиард доллар хоҳад расид. Вале имкониятҳо фаровонанд, ки ин рақам дар ояндаи наздик ба 2 миллиард доллари амрикоӣ бирасад. 
Дар поёни мулоқоти Комиссияи байниҳукуматӣ сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Арипов Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расонданд. Инчунин, миёни Вазорати иқтисод ва сармоягузории Ӯзбекистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон нақшаи муштараки “Дар минтақаи наздимарзии Фотеҳобод - Ойбек ташкил намудани минтақаи савдо ва саноат”,  байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон  “Нақшаи муштараки ҳамкориҳо барои солҳои 2023-2024” ба имзо расид. 
Баъд аз зӯҳри 12 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив