ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ.  ЛОИҲАҲОИ ДОНИШҶӮЁН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

МАОРИФ.  ЛОИҲАҲОИ ДОНИШҶӮЁН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

16 май 2023, Сешанбе
22
0


12 майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ҳамоиши шаҳрии ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон - илм, ихтироот ва ҷаҳони муосир» баргузор гашт. 
- Бо дастовардҳои илмиву амалии шумо, ки имрӯз аз он дидан намудем, хеле шод ҳастам. Кумита барои дастгирии ҳар яки шумо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳоятон омодааст маблағҳои заруриро пардохт намояд. Агар лоиҳаҳои шумо  маблағи зиёдро дархост намоянд, мо омодаем 30 дарсади онро бипардозем ва барои дарёфти  сармоягузор мусоидат созем, - гуфт Шабнам Раҳимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Бо таъкиди номбурда соли 2023 аввалин маротиба Рӯзи ҷавонон дар шакли нав-фестивал барпо хоҳад шуд. Тантанаҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар вилоятҳои Хатлону Суғду ВМКБ баргузор мегарданд.
Дар ҳамоиш ҷоизадорони раиси шаҳри Душанбе Ҳомид Сайфуллоев, Пайрав Иззатуллозода, Муҳаммадзоҳир Қаюмов оид ба роҳҳои ҷалби ҷавонон ба  омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон, фарҳанги техникии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, нақши ҷавонон дар пешрафти иқтисодиёти кишвар баромад намуданд. 
Дар фарҷом ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба фаъолони Донишгоҳ супурда шуданд.

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, 
" Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив