ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАҚНАЗАР ҒОИБ. ТАҶЛИЛИ 60-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХАТЛОН

ҲАҚНАЗАР ҒОИБ. ТАҶЛИЛИ 60-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХАТЛОН

16 май 2023, Сешанбе
20
0


Таҷлили 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланду фарогир ва хотирмон доир гардид. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Аҳмадҷон Раҳматзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, табрикоти раисони вилоят Давлаталӣ Саидов ва Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат карданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, ҳамзамон, аз фаъолияти пурсамари эҷодиву ҷамъиятӣ ва саҳми шоир дар боло бурдани сатҳи маърифат, ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, инъикоси ҳақиқати таърихӣ ёдовар шуд. Маврид ба зикри махсус мебошад, ки бо қарори раиси шаҳр аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии шаҳри Кӯлоб озмуни Ҳақназархонӣ баргузор гардида, то охири моҳи октябр идома меёбад. Вохӯрии адиб, инчунин, бо хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ дар назар дошта шудааст. Шумораи ҷашнии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, яъне “Навиди Кӯлоб” низ, пурра бо сифати баланд дар бораи кору рӯзгору эҷоди шоир бахшида шуда буд.
Гардонандаи ин маҳфили бошукӯҳу хотирмон Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар ин зимн аз табрикоту шодбошии Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илми Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳамзамон, аз хусусиятҳои шеъру суруду достону манзумаҳо, маҳбубияти шоир дар миёни хонандагони асил, лаҳзаҳои ибратбахши рӯзгору кораш суҳбат намуд. 
Шоирону адабиётшиносон, аҳли ҳунар, таърихнависон Муҳаммад Ғоиб, Абдураҳмон Абдуманнонов, Давлаталӣ Ҳотамов, Равшан Махсумзод, Камол Насрулло, Додохон Эгамзод ва дигарон изҳор доштанд, ки сатҳи шеърҳо, сурудҳо, достонҳо  ва манзумаҳои устод Ҳақназар Ғоиб баланд, васеъ ва гуногуну ҷавобгӯи талаботи давр мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳанӯз ҳам эҷоди шоир он тавр ки бояд, пажӯҳиш нашудааст ва, албатта, пажӯҳишгарон ба ин масъала бештару беҳтар рӯ меоранд. Шеърҳои шоир низ ба талаботи суруд ҷавобгӯ буда, онҳо равону самимӣ ва дилрас эҷод шудаанд, аз ин рӯ, овозхонҳои зиёд ва машҳур аксари онҳоро оҳанг баставу сурудаанд. Ашъори ватандӯстонаи шоир низ дар миёни хонандагон васеъ паҳн гардида, қироат мешаванд.
Шоир Ҳақназар Ғоиб бо эҷоди баландмазмун, тарбиявӣ ва хоксориву фурӯтанӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар маҳбубияти хосро пайдо кардааст.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо шодбошӣ изҳор дошт, ки нахустин шеърҳои ин адиби маҳбубу тавоно ҳанӯз 60 сол пеш, яъне аз оғози фаъолияташ, маҳз дар ин рӯзнома ба табъ расидаанд. Аз он замон то ба имрӯз робитаи шоир  бо  нашрияи расмӣ ҳамчунон, қавист ва устод ашъору матолиби рӯзмарраву баланди худро барои чоп пешниҳод мекунад. 
Ҳақназар Ғоиб дар посух гуфт: "Ин рӯзнома бо сарварии муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари он, ки миллатсоз маҳсуб меёбад, ҳамчунон, таърихи ҳаррӯзаи кишварамонро дар саҳифаҳои худ дарҷ мекунад. Вазифаи ҷониву шаҳрвандии ҳар кадоми мо аст, ки бо нашри шеъру матолиби муҳим сиёсати хирадмандонаву миллатсози Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири пойдории сулҳу ваҳдат, Истиқлоли давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дастгирӣ намоем. Шодмонии ман боз аз он аст, ки маҳз “Ҷумҳурият” пеш аз таҷлили ин солгард дар шаҳри Кӯлоб дар охири моҳи гузашта маро меҳмони худ кард ва бо аҳли эҷодаш суҳбати гарму хотирмон доир намуд. Фишурдаи ин суҳбатро бо номи ““Ҷумҳурият” бо Ҳақназар Ғоиб: Аз дирӯзҳову имрӯзҳову ояндаҳо” ба нашр расонд. Ҳамзамон, суҳбатро ба воситаи ютуб – канали “Ҷумҳурият” пешкаши ҳаводорон, дӯстдорони каломи бадеъ гардонд. Барои ин ташаббус, қадрдонии махсус аз аҳли эҷоди “Ҷумҳурият” сипосгузорам".
Маҳфилро, инчунин, қироати ашъори адиб дар иҷрои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, рақсҳои ҷолиби ҳунарпешагон ва сурудхонии овозхонҳои маъруф бештар гарм доштанд. 
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо бо шоир соли равон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир мегарданд.

Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив